Зеҳн
Духтараки бозингар (Маҳбуба Неъматзода)

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои бачагонаи шоира Маҳбуба Неъматзода мебошад. Шеърҳо барои хонандагони хурдсол ва наврасон пешбинӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 80 саҳифа

ШеърКӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

КОНСЕРТ

Дойразан шуд Нигор,
Саҳна сояи чанор.
Пешу бари ҷӯйбор,
Тамошобин шуд қатор.
Дар дастонам зангӯла,
Дар сарам чанбари гул.
Камзули махмал ба бар,
Пӯпакчаҳо дар кокул.
Рақсидаму рақсидам,
Покӯбону сарчунбон.
Гоҳе товус мешудам,
Гоҳе кабки хиромон.
Ҳайфо, ки хаста гардид
Дастакони Нигора,
Охир, ҷои дойра
Менавохт ӯ тағора.

пешина
аз 80
навбатӣ