Се афсона

Маҷмӯаи се афсонаи халқи тоҷик буда, барои наврасону кӯдакон пешбинӣ шудааст. Онҳо хонандагонро ба некӣ, саховат ва қаҳрамонӣ ҳидоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 19 саҳифа
Мебинад, ки дарвозаи қалъаи дев нимвайрону ифлос. Даррав устокорӣ карда, дарвозаро тозаю дуруст мекунад. Баъд онсӯтар меравад, ки дар як тараф як қатор сағҳои калон — калон бастагию дар тарафи дигар як гурӯҳ асп. Дар пеши аспҳо устухон, дар пеши сағҳо беда. Вай устухонҳоро гирифта, ба пеши сагон мепартояду бедаҳоро ба пеши аспҳо. Дарунтар медарояд, ки панҷ — шаш канизак танӯрҳоро тафсонда, барои дев нон пухта истодаанду нонро бо дасти луч ба танӯр мечаспонанд, дастҳояшон сӯхтагӣ.
Духтар ба онҳо салом гуфта, ҳолпурсӣ мекунад ва ба ҳар кадомашон барои нон пухтан яктогӣ остинча дӯхта медиҳад. Канизакон остинчаро гирифта, хурсанд мешаванд.
— Эй ҷавони нозанин, ба чӣ мақсад ин ҷо омадӣ? — мепурсад яке аз онҳо.
Духтар мақсадашро гуфта медиҳад.
— Ин кор бисёр душвор аст, — мегӯяд ҳамон канизак, — дев тухмҳоро дар ҳалтача андохта, дар таги болишташ монда хоб меравад. Гирифтан осон не. Агар гирӣ ҳам, аз дасти вай гурехта, халос шуда наметавонӣ.
— Агар тухмҳоро гирифта тавонам, он тарафашро як илоҷ мекунам! — мегӯяд духтар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё