Зеҳн
БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа

Наврасон
Аз аввал хондан

Дар баъзе бозиҳо нақшҳо дар байни бачаҳо тақсим карда мешаванд (масалан, дар бозии “Ғозу қувон” чӯпон, гург ва ғозҳо иштирок мекунанд.) Дар гурӯҳи миёна бозиҳое ҷорӣ карда мешаванд, ки бо матн якӣоя иҷро карда шуда, матнро бевосита хор иҷро мекнад; масалан, дар бозии “Лонаи хирс дар ҷангал”, “Давида гузаштан”, “Мо кӯдакони хушбахтем” ва ғайра. Матн ҳаракатро ба тартиб медарорад, ба инкишофи нутқи кӯдакон имконият медиҳад, ки баъди бозиҳои серҳаракат дам гиранд. Баъди давидан кӯдакон одатан оромона роҳ мераванд, масалан дар бозии “Мо кӯдакони хушбахтем”, “чархофалак”.

Дар давраи калон

Дар гурӯҳи кӯдакони калон шумораи бозиҳо зиёд мешаванд. Одатан ин бозиҳо бо образҳо гузаронида шуда, “қаппакҳои” гуногун ва бозиҳо бо тӯб бисёртар таҷриба карда мешаванд.
Бозиҳои кӯдакони синну соли ин гурӯҳ ҳам ҳаракатҳои асосҷ – давидан ҳаво додан, часпида баромаданро дарбар мегирад. Вале ба кӯдакон доир ба сифати иҷрои ҳаракат аниқ ва дуруст иҷро кардани он талаботҳои зиёде пешниҳод карда мешаванд. Масалан, дар атрофи давра чунон ҳаракат кардан лозим аст, ки сохти давра чунон ҳаракат кардан лозим аст, ки сохти давра вайрон нашавад, сабук давидан (“Мушдорак”, “Шаппаракдорӣ”). Қоидаи бозӣ дар гурӯҳи кӯдакони калон мураккабтар мешавад. Ба ҷо овардани ин қоидаҳо талаб мекунанд, ки кӯдакон пеш аз ҳама бодиққат, мушоҳидакор ва чусту чолок бошанд.
Кӯдакони ин синну сол ҳаракатҳои худро идора карда, ба натиҷаи бозӣ бештар ҳавасманданд. Бинобар ин, дар ин бозиҳо мусобиқаҳои коллективона бартарӣ дорад (бозии “Байрақчаи худро иваз кун”).
Дар боғчаи бачагон бозиҳои эстафетӣ гузаронида намешаванд. Зеро дар ин бозиҳо амалиёти кӯдакон ба ҳамдигар вобаста мебошад.
Агар як бозингар бо бозингари дигар тӯб, байрақча ё ягон предмети дигарро дар вақташ нағз дода натавонад. Бозиҳои эстафетӣ кӯдаконро ба ҳаяҷон оварда, диққат ва ҳиссиёти зиёдеро талаб мекунанд.
Баъзе кӯдакон муддати дуру дароз интизор шуда наметавонанд ва бо дигар корҳо сарчам шуда, лаҳзаи аз рафиқи худ гирифтани ягон ашёро аз даст дода мемонанд.

пешина
аз 108
навбатӣ