Зеҳн
БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа

Наврасон
Аз аввал хондан

“Қаторабозӣ” Кӯдакон паси ҳамдигар истода, аз миёни якдигар медоранд. Дар дасти мураббӣ байрақча буда, бо фармони мураббӣ бачаҳо ба пеш ҳаракат карда ба масофаи 10-15 м роҳ гашта дар назди байрақча меистанд.
Ва бо ин усул оҳиста-оҳиста медаванд. Дафъаи сеюм аз ҳамдигар ҷудо шуда, ин бозиро иҷро мекунанд. Кӯдакон бо як қатор роҳ гаштан ва давиданро меомӯзанд.

Дар давраи миёна

Дар гурӯҳи кӯдакони миёна (панҷсола) назар ба гурӯҳи кӯдакони хурдсол бештар бозиҳои гуногун мазмун дар амал ҷорӣ карда мешаванд. Кӯдакони ин гурӯҳ дар натиҷаи корҳои тарбиявӣ тасаввуроти худро дар бораи муҳити атроф васеъ менамоянд. Бинобар ҳамин ба бозӣ на танҳо ҳодисаҳое, ки кӯдакон бевосита дидаанд, балки образ ва ҳодисаҳое, ки кӯдакон аз рӯи нақл, расмҳо шиносонида мешаванд, низ дохил карда мешаванд (масалан, бозии “Шикорчӣ ва харгӯшҳо”, “Зағорамоҳӣ ва шӯртан”.) Дар гурӯҳи миёна ҳамчун дар гурӯҳи кӯдакони хурдсол бозиҳои беобраз гузаронида мешаванд, вале дар гурӯҳи миёна ба ин хел бозиҳо унсурҳои мусобиқаи индувидуалӣ масалан, дар бозии “Кӣ зудтар ба назди байрақчаҳо давида меравад” (инчунин унсурҳои коллективҷ) дар бозии “Кӣ зудтар саф мекашад?”, дохил карда мешаванд.
Ҳаракатҳои кӯдакони гурӯҳи миёна хеле ботартиб ва бошуурона ба ҷо оварда мешаванд. Бинобар ҳамин ба бозӣ чунин ҳаракатҳо шомил мегарданд, ки онҳо худдорҷ ва чусту чолок будани кӯдакро талаб мекунанд. Дар вақти бозиҳои давидан масофа зиёд карда шуда, ба марра давидани кӯдакон таҷриба карда мешавад (Кӣ ба байрақчаҳо зудтар давида мерасад?”). Ба бозӣ инчунин ҳаводиҳӣ (“Шикорчӣ ва харгӯшҳо”) ва ҷаҳиш аз болои монеаҳо (“Аз болои ҷӯйбор”) дохил карда мешаванд. Қоидаи бозиҳо қадре мураккабтар мешаванд: амалиёт маҳдуд мегардад, яъне ба тарафи муайян гурехтан мумкин аст, кӯдакон дастгиршуда аз бозӣ мебароянд ва ғайра. Нисбатан дақиқ иҷро кардани қоидаҳои бозӣ талаб карда мешавад.

пешина
аз 108
навбатӣ