БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа
Оро додем арчаро,
Хушруй шуд арчаи мо,
Рақсему хонем суруд,
Дар гирди арчаи худ.
Арчаи мо шӯълабор,
Мисли мо намехобад.
Сурху кабуду зангор,
Милтос зада метобад.
Маълумоти мухтасар оид ба ташкил кардан ва
гузаронидани бозиҳои серҳаракат
Дар давраи хурдсолон
Ҷаҳонбинии кӯдакони гурӯҳи хурдсолон (се-чор сола) ҳанӯз маҳдуд, шуурашон номукаммал (бемақсад), диққаташон ноустувор мебошад, бинобар ҳамин бо онҳо гузаронидани бозиҳои мазмунан сода ва на он қадар мураккаб тавсия карда мешавад. Чунончи, парандаҳо парвоз мекунанд ва ба лонаҳои худ бармегарданд, автомобилҳо ҳаракат мекунанд ва бо ишораи мураббӣ аз роҳ боз меистанд ва ба гараж бармегарданд.
Ғайр аз бозиҳои тасвирӣ, боз бозиҳое ҳастанд, ки онҳо иҷро намудани супоришҳои муайяни конкретиро дар назар доранд. Чунончи, ба назди мураббӣ давида омадан, ба туб расидан, байрақчаи пинҳон кардашударо ёфта гирифтан ва ғайраҳо. Дар ин хел бозиҳо худи кӯдакон ҳаракаткуниро дӯст медоранд, чунинчӣ давидан, ҷаҳида доштани тӯб ва монанди ин ба онҳо хеле маъқул аст. Дар бозӣ истифода бурдани туб, байрақчаҳо, кубикчаҳо, шақшақаҳо ва дигар предметҳо завқи кӯдаконро ба бозӣ зиёд менамояд.
Ҳаракатҳои бозиҳои кӯдакони гурӯҳи хурдсол оддию гуногунанд.
Дар асл ин ҳаракатҳои ҳаётан муҳим мебошанд. Роҳравҷ (дар бозии “Байрақчаҳоро биёб”), давидан (дар бозии “Гунҷишкҳо ва автомобил), часпидабароҷ (дар бозии “Мокиён ва ҷӯҷаҳо”), ҷаҳиш (дар бозии “Бо байрақчаҳои рост”), мувозинот (дар бозии “Поезд”) ва ғайра аз ҷумлаи ҳамин хел ҳаракатҳоянд. Дар ин гуна бозиҳо кӯдакон ҳаракати якхеларо ба ҷо меоранд: ҳама медавад (бозии “Муш ва гурба”), меҷаҳанд (бозии “Туби шӯх ва зебои ман”) ва ғайраҳо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё