Зеҳн
БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа

Наврасон
Аз аввал хондан

Бобои Барфӣ: – Офарин, офарин, набераҳои Бобо!

Бозӣ – инсенировка: “Сухани сеҳрнок”

(Мураббӣ кӯдакони нисбатан фаолро интихоб менамояд ва нақшҳоро ба онҳо тақсим карда вобаста мекунад, ки онҳо сухан ва ҳазлҳои солинавиро доир ба он тайёр мекунанд).
Маймунча: – Оҳ, оҳ, дастам!
Харгӯшак: – Ба ту чӣ шуд?
Барфак – ба харгӯшак хитоб карда мегӯяд: – Зуд сухани сеҳрнокро ба хотир биёр!
Харгӯшак: – Суханҳои сеҳрнок кадомҳоянд?
Барфак: – “Маро бубахш”, “Хоҳишмандам”.
Маймунча: – Ура, дастам нағз шуд!
Ҳама: баробар қарсак мезананд.
Мураббӣ: Бачаҳо мо боз кадом суханҳои сеҳрнокро медонем.
Кӯдакон: – “Субҳ ба хайр!”, “Рӯз ба хайр!”, “Ташаккур!”, “То дидан!” ва ғайраҳо.
Бобои Барфӣ: – Офарин, офарин, дӯстрӯякони Бобо. Шумо бисёр ҳозирҷавобу доноед. Барои хурсандии Шумо ман ҳам савғотиҳо тӯҳфа мекунам. (Тӯҳфаҳоро медиҳад ва бо кӯдакон хайрухуш мекунад.) Суруди умумӣ:

Савғоти Бобо

Бобои Барфӣ меҳрубон,
Савғотӣ овард, ба мо.
Аз кӯҳи Арчамайдон,
Арчаи зебо овард.

Арчаи мо шӯълабор
Мисли мо намехобад.
Сурху кабуду зангор
Милтос зада метобад.

пешина
аз 108
навбатӣ