БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа
Бозингари ба камингоҳ расида дар паҳлӯи сардораш меистад. Агар бозингарони гурӯҳи якум аз нисф зиёди ҷуфташонро дастгир кунанд, ғолиб мебароянд. Ҳамин тавр, бозӣ давом мекунад.
Боғу боғбон
Ҷои бозӣ: зал, майдон, саҳни боғ.
Тайёрӣ ба бозӣ. Бачаҳоро ба ду гурӯҳ тақсим намуда, ду барандаи бозӣ интихоб карда мешавад. Ҳар як гурӯҳ дар масофаи муайяне (10-
15 метр) рӯ ба рӯ даст ба даст гирифта меистанд.
Рафти бозӣ. Барандаҳои бозӣ байни худ гапзанон карда, суханҳои зеринро мегӯянд:
Барандаи I: – Ангуракҳо пухтааст,
Барандаи II: – Ҷони боғбон!
Барандаи I: – - Ангуракҳо пухтааст.
Барандаи II: – Ниму нимкола.
Барандаи I: – Аз мо кадом равем?
Барандаи II: – Раҷаб (фарз кардем).
Бачае, ки номаш мебарояд, аз байн баромада, ба тарафи муқобил бо шаст давида дасти ду бачаро аз ҳам ҷудо карданӣ мешавад. Агар ҷудо карда тавонад, он бачаро гирифта ба қатори худ меорад.
Агар дастҳоро ҷудо карда натавонад, навбат ба тарафи бозингарони дигар мегузарад. Дар бозӣ ҳамон тараф ғолиб мебарояд, ки агар бозингарони тарафи муқобилро зиёдтар ба тарафи худ биёрад.
Тарбузбозӣ
Ҷой ва асбоби бозӣ. Зал, майдон, саҳни ҳавлӣ, боғча, тубча, ё ки сангҳои кулӯла лозим аст.
Тайёрӣ ба бозӣ. Бозингарон ду гурӯҳ шуда рӯ ба рӯ саф меистанд.
Аз пеш ва оқиби саф доирае мекашанд. Тӯбчаҳо ё ки сангҳо 8-10 то бошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё