Зеҳн
БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа

Наврасон
Аз аввал хондан

Бозӣ дар ҷойҳои кушоди сердарахт, боғча, майдон, умуман, ҷое, ки имконияти пинҳоншавҷ бошад, ташкил карда мешавад.
Тайёрӣ ба бозӣ. Роҳбари бозӣ ду садор интихоб мекунад. Онҳо ҷуфтҷуфт ду гурӯҳро ташкил медиҳанд. Ҳар як бозингари гурӯҳ ҷуфти худро мешиносад. Яке аз сардорони бозӣ навбатдор мешавад.
Рафти бозӣ. Вақте ки навбат муайян карда шуд, сардори гурӯҳи
якум ба бозингарони гурӯҳи худ фармон медиҳад, ки рӯ ба девор истода ин сурудро замзама кунанд:

Мо мелангем,
Кӯчалангем,
Оби зам-зам,
Тири маҳкам,
Шер, гир!

Гурӯҳи дуввум то хонда тамом кардани ин суруд пинҳон мешаванд.
Сардори гурӯҳи дуввум назорат мекунад, ки бозингарони гурӯҳи якум ба пушташон нигариста, кадом тараф рафтани бозингарони гурӯҳи дуввумро набинанд.
Ҳамин ки бозингарони гурӯҳи дуввум пинҳон шуданд, сардорашон бо овози баланд: – тут пухт? - гуфта мепурсад. Бозингарони ин гурӯҳ аз ҳар канор:
– Оре, пухт! - гӯён овоз мебароранд.
Пас, бозингар ҷуфти худашро меҷӯяд. Ҳар ду сардорон бошанд, дар камингоҳ истода бозиро назорат мекунанд. Бозингарони гурӯҳи дуввум гурӯҳи якуми пинҳоншударо бо хондани суруди зерин:

Мо мелангем,
Кучалангем,
Оби зам-зам,
Тири маҳкам.

Шер, пар ба назди худ даъват менамоянд ва ё агар ҳарферо ҳис кунанд, дар охири суруд “шер напар”-ро илова мекунанд. Бозингарони пинҳоншуда кӯшиш менамоянд, ки ҷуфташон набинад.

пешина
аз 108
навбатӣ