БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа
чанд паррандаро тез-тез ном гирифта “парид - парид”, - гӯён якбора:
– Гов парид, - гӯён ин бозингарро ба миёнаи давра даъват мекунанд.
Мувофиқи шарт ӯ бояд рақсад. Бозингарон бошанд, суруди зеринро месароянд:
Чӣ парид? Булбул парид,
Аз шохаҳои гул парид.
Аз чанор лак-лак парид,
Навохта думбак парид.
Сӯзанак боло парид,
Лаб-лаби ҷӯйҳо парид.
Он чӣ ки бисёр парид!
Ҳарчӣ қанотдор парид!
Вақте ки суруд ба охир расид, шахси бохта рақсро тамом карда ба ҷояш бармегардад. Бозӣ аз нав сар мешавад.
Бозии “Аз боло хабар омад” Ҷои бозӣ: майдон, саҳни ҳавлӣ.
Тайёрӣ ба бозӣ. Сардор бачаҳоро дар як ҷой мешинонад. Бачаҳо дастояшонро мушт карда, болои ҳам мегузоранд.
Рафти бозӣ. Барандаи бозӣ дасташро болои ҳам нагузошта, “Аз боло хабар омад, ба поён рафт” - мегӯяд.
Бо ин хабар бачаи дасташ дар таг буда дасти худро мекашад. Пас аз он мегӯяд:
“Аз поён хабар омад, боло рафт”. Дар ин маврид бозингаре, ки дасташ аз ҳама боло буд, дасташро мекашад. Ба ҳамин тариқ бачаҳо дастҳои худро мувофиқи хабаре, ки барандаи бозӣ медиҳад, бо навбат гоҳ аз поён ва гоҳ аз боло кашида мегиранд. Дасти бачаеро, ки аз ҷояш наҷунбид, барандаи бозӣ диққати бачаҳоро ба ӯ нигаронида, ҳамин сурудро мехонад ва бачаҳои дигар ба ӯ ҳамовоз мешаванд.
Лелак, лелаки Боқӣ,
Чашмам кӯраки Боқӣ
Санг афтоду санг афтод, Пеши буззи ланг афтод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё