БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа
Ба дасти ҳар як аъзои гурӯҳ ғӯлачаҳои якранга медиҳанд. Бозӣ бо ишораи раҳбар cap мешавад. Бозигарон тӯбро бо навбат ба тарафи ғулачаҳо мепартоянд. Бозигари кадом гурӯҳғулачаро афтонад, онро як қадам дуртар меғеҷонад. Дар давоми бозӣ гурӯҳе, ки ҳадафҳои худро дуртар ғеҷондааст (ҳадафҳои ғеҷондашударо қадам зада, чен мекунанд), ғолиб дониста мешавад.
Бозии «Беди сафед ё кабуд?»
Бозигарон ба ду гурӯҳ ҷудо шуда, аз ду тарафи майдонча ба як қатор саф мекашанд ва дастони ҳамдигарро гирифта меистанд. Бо ишораи муаллим яке аз гурӯҳҳо ба дигараш нигоҳ карда: «Беди сафед ё кабуд, ба шумо кӣ лозим буд», гӯён муроҷиат мекунанд. Аъзоёни дигар гурӯҳ: «Аз шумо ба мо (номи яке аз аъзоёни гурӯҳи муқобилистодаро мегӯянд) Халил ояд зуд!» мегӯянд.
Нафаре, ки номаш эълон шуд, давида омада, ба вайрон кардани занҷири ҳосилнамудаи тарафи дигар ҳаракат мекунад. Агар занҷирро бурад, яке аз бозигари ин гурӯҳ ҳамроҳи вай ба ин гурӯҳ мегузарад.
Рафту занҷиро бурида натавонад, ба он ҷо мемонад ва бозиро дар ин гурӯҳ давом медиҳад. Агар шумораи бозигарони яке аз гурӯҳҳо дар давоми бозӣ аз бозигарони гурӯҳи дигар 5-6 нафар зиёд шавад, бозӣ ба охир мерасад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё