БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа
Наврасон
Аз аввал хондан- Бозии «Кӣ зуд?» Дар ин бозӣ метавонанд 3 нафар ё 3 звено иштирок кунанд. Ба хонандагон вазифа дода мешавад ва он бачаеро, ки зуд вазифаро иҷро кунад, ғолиб мешавад.
Масалан: Кӣ зудтар доир ба адади 7 бо истифода аз чаҳор амали математикӣ (+, -,:, ) мисол месозад?
1+6=7; 8-1=7; 17=7 14:2=7 Ё ин ки аз фанни забони тоҷикӣ: Бо калимаи «май» ҷумла гуфтан.
Хониш: Доир ба яке аз рӯзҳои ҳафта, фасли баҳор ва ғ. ҳикояча тартиб додан.
Расм: Кӣ зуд расми офтобро мекашад? - Бозии «Ҷои ман дар куҷо?» Бозӣ чунин гузаронида мешавад: Дар тахта якчанд калима навишта мешавад. Бояд хонандагон зуд ҷои ҳарфҳоро ёфта монанд:
Кадоме аз хонандагон зуд ва бехато вазифаро иҷро кунад, ғолиб хисобида мешавад Ё ин ки аз фанни риёзӣ: 10, 8, 2, 3, 1, 5, 6, 4, 7, 9.
Хониш: Бузаки, як, набуд-буд, ҷингилапо, буд.
Ё ин ки расм: - Занҷири калима. Дар ин бозӣ ҳам 2-3 гурӯҳ бозӣ мекунанд. Бозӣ бояд чунин гузарад: хонандагон худашон калима мегӯянд. Ба калимаҳои гуфтаашон бояд калимаи ҳаммаъно ва ҳарфашон ба миқдори баробар бошад.
Парта-халта,-тахта,-пахта, -лола,-хола,-хона, -шона, -нома Бозӣ боз ҳам шавқовар шавад, агар калимаи баръакс ёбанд. Бояд ҳарфашон ҳам баробар бошад.
Шаб-рӯз, дароз-кӯтоҳ, пур-кам, хуб-бад.
Он гурӯҳ ғолиб мешавад, кадоме бисёр калима фикр кунад. - Бозии «Доно». Дар ин бозӣ 3 нафар бохтанаш мумкин. Бояд муаллим як ҳарфро нишон диҳад, бозигарон зуд ба он калима гӯянд.
Синфи 1, бо ҳарфи «Ш» калима гӯед: шона, Шавкат, шох.
Синфи 2, бо ҳарфи «Ш» номи духтарона гӯед: Шаҳодат, Шаҳло, Шоҳиста.
Синфи 3, бо ҳарфи «Ш» хабар гӯед: шикаст, шона кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё