Зеҳн
БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа

Наврасон
Аз аввал хондан

ИСТИФОДАИ БОЗИҲОИ ДИДАКТИКӢ ДАР ДАРС

Барои баланд бардоштани дониши хонандагон дар таълими ибтидоӣ ба муаллимимон лозим аст, ки бисёртар аз бозиҳои дидактикӣ истифода баранд. Барои он ки дарс шавқовар гузарад, ман аз вариантҳои гуногуни бозиҳои таълимӣ истифода мебарам. Инак, чанде аз он бозиҳо.

  1. Поезд месозем. Назди тахтаи синф 7 нафар хонанда даъват карда мешавад. Онҳо паси ҳам истода, якдигарро дошта поезд месозанд.
    Мефармоем, ки боз 5 нафари дигар бароянд. Аввал 3 нафар духтарон (ё писарон) баромада, адади 10-ро ҳосил мекунанд (сафи вагонҳоро ба 10 мерасонанд). Пас, 2 нафари дигар баромада адади 12-ро ҳосил мекунанд. Бо саволу ҷавоб аз рӯи ифодаи зерин мавзӯъ мустаҳкам карда мешавад.
    7+5=12 (7+3+2) Дар ин бозӣ ҳамаи хонандагони синф иштирок мекунанд. Ба хоначаи қатори якум адади дар даст доштаашонро ишора мекунам. Онҳо онро ба адади 5 ҳамроҳ карда суммаро ба хонандагони қатори дуввум мегӯянд. Онҳо суммаро ба адади 2 зарб мекунанду ҳосили зарбро ба хонандагони қатори сеюм мегӯянд. Ҳамин тавр бозӣ то охир давом мекунад... Дар охир кори хонандагон санҷида шуда, қатори ғолиб муайян карда мешавад.
  2. Телефони математикӣ. Ба хонандагони қатори якум варақҳои рақамдор медиҳем, ки дар он ададҳои 1, 2, 3 навишта шудаанд. Пас нақшаи зеринро ба онҳо нишон медиҳем:
    92= 37= 25-8= 11+8= 5:5= 19+6= 83= 30-9= 6:2= 19-9= 10:5= 11= 28:2=

Бо нишондоди муаллим донишомӯзон онро чунин ҳал мекунанд:
92= 18 Н 5:5= 1 А 6:2=3 В 37=21 Р
19+6=25Ӯ 83=24У 30-9=21 Р
19-9=10 З 10:5=2Б 1
1=1А
25-8=17 М 11+8=19О 28:2=14К Хонандагон дар ин бозӣ мустақилона кор карда, на танҳо ифодаҳои математикӣ тартиб дода ҳал мекунанд, балки ном ва ҷои ҳарфҳо низ дар хотири онҳо нақш мебандад.

пешина
аз 108
навбатӣ