БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа
Кор бо маводҳои дидактикӣ шавку ҳаваси бачахоро зиёд мекунад, дараҷаи аз худкунии маводхои геометриро афзун гардонида, тасавуроти фазоии хонандагон ташаккул меёбад ва нутқи математикии онҳо инкишоф меёбад.
Бозии «Спирал» - хати морпеч Шарти бозӣ:
Хонанда бояд ба росткунҷаҳои кисадор ракамҳоро бурида мувофиқи тартиб ҷо ба ҷо гузорад. Хонандае, ки ба росткунҷаҳои холӣ рақамҳоро мувофиқи тартиб мегузорад, дар бозӣ ғолиб дониста мешавад.
Масалан - аз расми зерин истифода бурданро тавсия медиҳем.
Бозии «Хатогиашро ислоҳ кунед»
Бо ёрии 12 дона чӯбча баробарии VI-IV=IX тартиб дода шудааст.
Аз он танҳо ҷойи як чӯбчаро тавре тагйир диҳед, ки баробарии дуруст ҳосил шавад.
Нишондод. Ду тарзи ҳал ҷой дорад:
1.VI + IV = X
2.V + IV = IX
Бозии «Аз се - чорто»
Муаллим дар рӯи миз се дона чӯбчаро гузошта ба хонандагон супориш медиҳад. Ягон дона чӯбча илова накарда, аз 3 дона чӯбча чор дона чӯбчаро ҳосил кунанд. Шикастани чӯбчаҳо мумкин нест.
Иҷрои он:
Ш-3 IV - 4

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё