Зеҳн
БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа

Наврасон
Аз аввал хондан

Аз 8 дона ду квадрат созед Ин машқ назар ба машқ – бозии якум мураккабтар мебошад. Барой иҷрои ин супориш хонандагон каме фикр мекунанд. Бояд супоришро ин тавр иҷро мекунанд.

Аз 7 гӯгирдчӯб ду квадрат созед Хонандагон чунин квадратҳоро ба осонӣ месозанд. Аввал аз 4 дона гӯгирдчӯб квадрат сохта ба як квадрат се дона гӯгирдчӯбро илова карда квадрати дигар низ месозанд.

Аз 12 дона гӯгирдчӯб се квадрат созед Хонандагон метавананд аз 12 гӯгирдчӯб истифода бурда, бо ду тарз супоришро иҷро кунанд.
Ин бозӣ барои бозиҳои оянда, ки ба воситаи ҷобаҷогузории гӯгирдчӯбҳо шаклҳо сохта мешаванд, кӯмак мерсонад.

Аз 10 гӯгирдчӯб се квадрат созед
Ду тарзи иҷрои супориш ҷой дорад.
Тарзи 1.

Тарзи 2.

Аз 10 гӯгирдчӯб ду росткунҷа созед Хонандагон аввал аз 8 гӯгирдчӯб истифода бурда, як квадрат месозанд. Баъд бо ду гӯгирдчӯб квадратро бо ду росткунҷа ба шакли зерин тақсим мекунанд.

пешина
аз 108
навбатӣ