Зеҳн
БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа

Наврасон
Аз аввал хондан

Аз расм секунҷаҳоро ҳисоб кунед:

1.Дар ин раем чанд квадрат ҳаст?
2.Дар расм кадом шаклҳои геометрӣ тасвир ёфтааст?

Бозии «Аз маҷмӯаи геометрӣ сохтани шаклҳо»

Дар ин бозӣ муаллим ба хонандагон супориш медиҳад, ки аз секунҷа, чоркунҷа ва квадратҳо моделҳои хона, заврақ ва поездро созанд.
– Инчунин супоришҳои зеринро низ иҷро намудан аз аҳамият холӣ нест.
– Аз секунҷаю квадрат шаклҳои гуногун созед:
а) Аз ду секунҷа
б) Аз ду квадрат
в) Аз квадрату секунҷа

Бозиҳои «Аз гӯгирдчӯбҳо сохтани шаклҳои геометрӣ»

Гузаронидани бозиҳо ба воситаи гӯгирдчӯбҳо хело шавқовар буда, талабагонро нисбаи ба фанни математика ҳавасманд менамояд.
Ба воситаи гӯгирдчӯбҳо сохтани шаклҳои геометрй на фақат дар даре, балки берун аз он ҳам гузаронида мешавад. Аксарияти бачагон дар вақти дастгирӣ ба тариқи бозӣ аз гӯгирчӯбҳо ҳар хел шаклҳо месозанд.
Дар синфҳои якум ва дуввум ба ин гуна бозӣ- машқҳо, пае аз омӯзиши нумератсияи ададҳо дар доираи 10 маълумот дода мешавад. Дар ҳамин вақт муаллим аз гӯгирдчӯбҳо истифода бурда, талабагонро ба сохтани ҳар хел шаклҳо одат мекунонад. Ба ин мақсад ба талабагон супориш медиҳад, ки аз 5 дона гӯгирдчӯб арча ё дегчаи дастадор, ду росткунҷа, хати рост, хати шикаста тартиб диҳанд.

пешина
аз 108
навбатӣ