БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа
Инкишоф додани малакаҳои ҳисобарории хонандагон.
Шарти бозӣ:
Байни қаторҳо мусобиқа гузаронида мешавад. Муаллим ба ҳар як хонандаи дар партаи якум нишастагӣ варақчае, ки дар онҳо адад навишта шудааст, медиҳад. Хонандагони дигар бояд ин ададҳоро набинанд. Сипас муаллим дар тахтаи синф нақшаи зеринро меовезад.
Муаллим ба ҳар як хонандаи дар партаи якум нишастагиҳо варақаҳоеро, ки дар он ададҳо навишта шудааст медиҳад ва росткунҷаи якумро нишон медиҳад.
Ҳамаи он хонандагоне, ки аз муаллим варақчаҳо гирифтаги буданд ба он адади 7 - ро чамъ намуда, натиҷаро хомӯшона ба хонандаи дар пасашон нишастагӣ мегӯянд. Баъдан муаллим росткунҷаи дигарро нишон медиҳад. Хонандагони дар партаҳои қатори дуввум нишастагиҳо бошанд он ададро ба 2 зарб карда, натиҷаро ба хонандагони дар пасашон нишастагӣ мегӯянд. Ҳамин тавр аз рӯи нақша то ҳамаи амалҳоро иҷро намудан аз тарафи хонандагон бозӣ давом дода мешавад. Хонандагони дар партаи қатори якум нишаста нақшаи назоратчиро иҷро мекунанд. Онҳо ҳамаи амалҳои дар нақша мавҷуд бударо иҷро мекунанд. Дар охири мусобиқа, хонандагони дар партаи қатори охир нишаста бояд ҷавоби ниҳоиро навишта, онро ба хонандагони дар партаи қатори якум нишаста пешкаш намоянд. Хонандагони дар партаи қатори якум нишаста дуруст ё нодуруст будани ҷавобҳоро тасдиқ мекунанд.
Дар ин бозӣ ҳамон қатор ғолиб дониста мешавад, ки аз ҳама пеш супоришҳоро аз рӯи нақшаи додашуда бехато иҷро кунад. Дар ин бозӣ агар ақалан яке аз хонандагони ягон қатор ба хатогӣ роҳ диҳанд, пас бояд муаллим барои ислоҳи хатогии содиршуда, бо коллективи хонандагони синф аз рӯи нақшаи додашуда, тамоми амалҳоро иҷро намуда, онро таҳлил намояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё