БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа
Маълум аст, ки барои саводомӯзӣ роли муҳимро дарс мебозад. Тарбия, тафаккур ва фантазияи кӯдак аз ҳамин cap мешавад. Аммо дарсҳои имрӯзии мо ҳамоно кӯҳна аст. Албатта як назар кунем, дар дарс хонандагон 4-5 соат дар як ҷой нишаста таълим мегиранд. Ҳол он, ки бояд хонанда дар давоми дарс ҳам таълим омӯзад, ҳам ба табиати гирду атроф назар кунад. Хуллас, бачаро аз бачагиаш маҳрум накардан лозим. Барои ҳамин дар баъзе синфҳои ибтидоӣ намудҳои ғайристандартии дарсҳо истифода бурда мешавад.
Дар дарсҳои ғайристандартӣ қобилияти мустақилфикркунӣ, фаъолӣ, эҷодкории хонанда ба эътибор гирифта мешавад. Дар ҳақиқат, мо ба мустақил фикркунии хонанда эътибори ҷиддӣ намедиҳем. Дар натиҷа бача аз болои худ дар давоми солҳои ояндааш кор бурда наметавонад. Барои ҳамин аз дарсҳои ғайристандартӣ истифода бурдан ба мақсад мувофиқ аст. Дарсҳои ғайристандартиро дар синф, музей, китобхона, хонаи маънавият ва маърифат, зали варзиш – дар ҳама маврид гузаронидан мумкин. Намудҳои ғайристандартии дарсҳо: дарс – сӯҳбат, дарс – экскурсия, дарс – санҷиш, дарс – бозӣ, дарс – саёҳат, дарс – конференсия, дарс – баҳс, мубоҳиса, дарси нафосат, дарс – интеграл, дарс – дифференциал.
Чи хеле, ки маълум аст, бозӣ фаъолияти асосии кӯдаки 6 сола аст.
Махсусан агар 2-3 нафар ҳамсолон якӣоя шаванд, ҳамаи корҳои дигар, ҳатто хӯрок хӯрданро ҳам фаромӯш мекунанд. Ин хусусияти табиӣ ё ки чи тавре, ки академик Павлов нишон медиҳад, рефлекси ғайришартии бачаҳост. Аз ин гуна бозиҳо кӯдак ҳеч гоҳ хастаю зиқ намешавад.
Педагоги машҳур К. Д. Ушинский дар ин бобат мисоле меорад, ки ҷолиби диққат аст. Шумо аз дасти бачаатон гирифта ба тамошои шаҳр бароед. Баъд аз 1-2 соат бача ба нолиш медарояд (Пойҳоям дард мекунанд, ба хона меравем, монда шудам...). Шумо ба хона бармегардед.
Дар назди ҳавлиатон бачаатон мебинад, ки ҳамсолонаш бозӣ карда гаштаанд. Наздатон омада:
– Падарҷон, иҷоза диҳед, бо ҷӯраҳоям бозӣ кунам, - гуфта мепурсад ва то бегоҳ бозӣ мекунад.
Худи ҳамин мисол муайнкунандаи мавқеи бозӣ дар ҷараёни дарсҳо, аз он ҷумла дарсҳои таълими савод аст. Бозиҳое, ки кӯдакон мегузаронанд, ду хел характер доранд: яке дилхушию гузаронидани вақт, дигаре бозӣ карда истода чизеро омӯхтан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё