Зеҳн
БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа

Наврасон
Аз аввал хондан

Барои мустаҳкам кардани мавзӯӣ феъл бошад, аз расмҳои сюжетдор истифода бурдан манфиатнок аст., то ки бачаҳо аз рӯи он ҷумла ва ҳикояча тартиб дода феълҳоро ба кор баранд.

  1. Бозии « Эстафета »
    Дар ин бозӣ талабагон дар калимасозӣ маҳорат ва малака ҳосил мекунанд.
    Дар тахтаи синф дар ду сутун хамсадоҳо навишта шудаанд. Онҳо бояд ба шумораи талабагони гурӯҳ баробар бошанд.
    Д-р д-д б-р Х-р з-р з-д

Аз ҳар гурӯҳ талабае баромада садонокҳоро мегузорад: дар, дор,
дур, дер, Талаба яке аз онҳоро пур карда бӯрро ба рафиқаш медиҳад.
Гурӯҳи пеш тамом кардагӣ ғолиб ҳисобида мешавад.

  1. Бозии « Кӣ зудтар меёбад »
    Ин бозӣ низ чун “Эстафета” гузаронида мешавад.
    Дар ду сутун решаи калима дода мешавад. Аз ду гурӯҳ талабагон баромада калимаҳои ҳамреша месозанд ва пешванду пасванд ҳамрооҳ мекунанд. Барои шавқовар гузаронидани ин бозӣ муаллим вақт муайян мекунад. Гурӯҳе, ки дар вақти додашуда миқдори зиёди калимаҳои ҳамрешаро беғалат ва зебо менависад, ғолиб дониста мешавад.
    ДАСТА-даста, дастӣ, дастак, бедаст, дастгоҳ, дастакӣ.
    ГӮШ-гӯша, гӯшак, гӯшакӣ, бегӯш.

  2. Бозии «Калимасозӣ»
    Дар таҳтаи синф калимаҳои гуногун навишта шудаанд. Ба бачагон чунин супориш дода мешавад. Аз ҳарфҳои калимаҳои додашуда калимаҳои нав тартиб диҳед:
    ЧАРОҒ - чоҳ, асп, роҳ, оҳу, ғоз.
    МАКТАБ - моҳ, алаф, кӯҳ, туш, ароба, боғ.
    КИТОБ - кор, илм, тилло, офтоб, бузург, Колхоз-калима, озод, либос, хок, об, замин.

пешина
аз 108
навбатӣ