Зеҳн
ПАНДИ ЗИНДАГӢ

«Панди зиндагӣ» дуюмин дафтари эҷоди Сайидалӣ Барот аст. Дар маҷмӯа шеъру андарз, қиссаву афсона ва рубоиву дубайтиҳое гирд омадаанд, ки самараи дидаву шунидаҳояш мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 36 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан
  1. Аввал аз нон гузар накун. Бихуру баъд бирав.
  2. Сирро ба зан нагӯй.
  3. Аз навкиса қарз накун.

Бачаи вазир баъди марги падар хост, ки пандҳои ӯро бисанҷад. Рафта ба бое дастёр шуда хизмат кард. Бой ду зан дошт. Зани калонии бой бадрашк буд. Хост, ки зани хурдиро тӯҳмат кунаду пеш кунад. Ба шавҳараш бардурӯғ гуфт, ки ин дастёрат бо занат мегардад. Бой инро шунида дар паи нест кардани дастёраш мешавад. Ба нонвойхонаи шаҳр рафта бо нонвой ҳафт тилло доду гуфт. Пагоҳӣ як касро барои нон мефиристам. Якум ӯ меояд. Омад, дар танурат андозу бикуш. Ба зани калонӣ ин сирро гуфта буд бой. Ба бачаи дастёраш (писари вазири собиқ) пул доду гуфт: Субҳидам аз фалон нонвой нон гирифта биё. Дастёр рафту дар роҳ сорбонҳоро дид. Якеаш ба нонхӯрӣ таклифаш кард. Панди падар ба ёдаш омаду гашта нон тановул кард. Зани калонии бой ин гапро медонист давон омаду хост ин бачаро халос кунад. Вақте ин зан аввалин шуда омад, нонпаз ӯро ба оташдон партофта кушт. Дастёри бой пасон омада нон гирифта рафт. Бой тааҷҷуб шуда омада ба нонвой гуфт, ту чӣ кор кардӣ. Дид, ки зани калонии худашро ба оташдон партофтаанд. Ин бача аз панди падарро иҷро кардан зинда монд.
Зиндагӣ панд аст. Таҷрибаи рӯзгор беҳтарин насиҳат ба инсонҳо мебошад. Дар ин афсонаи саргузаштии Нурмуҳаммаду фарзандаш мо инро мебинем. Бояд инсонҳои рӯи олам аз нақли гузаштагон ба худ панд бигиранд.

пешина
аз 36