Зеҳн
ПАНДИ ЗИНДАГӢ

«Панди зиндагӣ» дуюмин дафтари эҷоди Сайидалӣ Барот аст. Дар маҷмӯа шеъру андарз, қиссаву афсона ва рубоиву дубайтиҳое гирд омадаанд, ки самараи дидаву шунидаҳояш мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 36 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ин мард назди Ҳусейн омада аз ӯ мепурсад, ки шумо кистед ва аз куҷо омадаед.
Ҳусейн ҷавоб медиҳад:

Ман марди мусофирам зи Роғ омадаам,
Дилгир шудаму ёрма суроғ омадаам.

Ин мард занаш – Давлатхотунро пеши Ҳусейн даъват мекунад. Вай ба чашми ашкбор омада месарояд.

Ашки пурхунам бубин, эй соҳибам,
Раҳм бинмо, ошиқи поке будем.

Ин вақт аз ҳар тараф мардуми бисёре гирд меоянд. Ин одамон аз Ҳусейн мепурсанд, ки аз куҷо ва ба чӣ кор омадааст. Ҳусайн бо мардум гаҳворабахш будану ба чӣ ҳол афтоданашро то лаҳзаи ба ин ҷо омаданаш як-як пеши мардум нақл мекунад. Шавҳари Давлатхотун ҳам ин гапҳоро пурра мефаҳмад. Вай мегӯяд, ки ин зан шаби аввал ҳамаи ин қиссаро ба ман гуфта буд. Ман то ҳол ба ӯ ҳамхоба нашудаам. Инҳо ҳақиқатан ошиқи хости Худо будаанд.
Тақдирро такбир кардан бо амри Худо номумкин аст. Ман розиям, ки ин занро аз қайди никоҳи худ барораму ба соҳиби аслиаш баргардонам. Охир, мо ҳам мусулмону худотарсем. Ин вақт падари духтар ҳам раисда меояд. Якҷоя ба қозихона меоянд. Қозӣ мегӯяд ба падари духтар: – Аз ин мард чизе гирифтаӣ, баргардон. Он гоҳ ин занро талоқ диҳаду ба соҳиби асилаш ӯро никоҳ кунем. Дар ин ҳолат як давлатманде аз байни издиҳом хеста мардонавор мегӯяд:
Бо хости Худо ман давлатманд шудаам. Ҳамаи додаи шавҳари ин занро ман медиҳам. Бигузор инро талоқ диҳаду бо хости Худо ӯро ба Ҳусайн никоҳ карда диҳанд. Дар ин вақт шавҳари Давлатхотун, ки тоҷири давлатманду худотарс буд, мардонавор дар назди ҳама мегӯяд: «Ман ҳам мардонагӣ дорам. Манро Худо ба ин давлату савлат раксонидааст. Аз розигии Худо касе берун намебарояд. Ман чизҳои додаамро ба падари духтар лилоҳ бахшидаму ин занро дар назди ҳамаатон талоқ додам.

пешина
аз 36
навбатӣ