Зеҳн
ПАНДИ ЗИНДАГӢ

«Панди зиндагӣ» дуюмин дафтари эҷоди Сайидалӣ Барот аст. Дар маҷмӯа шеъру андарз, қиссаву афсона ва рубоиву дубайтиҳое гирд омадаанд, ки самараи дидаву шунидаҳояш мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 36 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дар ҷавоби шеъри духтар Ҳусейн бадеҳатан мехонад:

Ситора залилу заъфарон буд имшаб,
Парвин ба миёни осмон буд имшаб.
Парвин ту бирав ба ҷои худ сокин бош,
Ин қиссаи ошиқон дароз аст имшаб.

Духтар гирён шуда боз ин байтро мехонад:

Ҷонона маро бипурс зи Роғ омадаам,
Дилгир шудам туро суроғ омадаам.

Модари Давлатхотун аҳди кардаашро ба ёд оварда, аз бахти носолими духтараш зор-зор мегиряд. Дар ҳамин вақт Мансур ба хона меояд. Ҳусейнро дида мегӯяд, ки тақдири духтари ман гумонам ба ҳамин аст. Боз фикркунон мегӯяд, ки тақдирро тақбир мекунаму ба ин пойлуч духтар намедиҳам. Ҳусейнро аз хона пеш мекунад. Ҳусейн роҳравон ин худ ба худ мехонад:

Сазои сарам дар ба дар мегардам,
Маҷнун манам ба чашми тар мегардам.

Давлатхотун инро шунида зор-зор мегиряду ин шеърро месарояд:

Худои Карим бенасибам накунӣ,
Бемори дарози бетабибам накунӣ.

Падари духтар бо дидани Ҳусейну шеърхонии духтар дар ғазаб шуда, Ҳусейнро пеш мекунад. Ҳусейн рафта дар яке аз хонаҳои охири деҳа шаб мехобад ва пагоҳӣ боз ба хонаи духтар меояд. Мебинад, ки бобои Мансур зану духтарашро аз ин ҷо гирифта рафтааст. Ҳусейн ҳайрон мемонаду намедонад куҷо равад. Пас ба роҳ баромада ба деҳаашон меояд.
Падару модар ӯро дида шод мешаванду аҳволашро мепурсанд.

пешина
аз 36
навбатӣ