ПАНДИ ЗИНДАГӢ

«Панди зиндагӣ» дуюмин дафтари эҷоди Сайидалӣ Барот аст. Дар маҷмӯа шеъру андарз, қиссаву афсона ва рубоиву дубайтиҳое гирд омадаанд, ки самараи дидаву шунидаҳояш мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 36 саҳифа
ҚИССА ВА АФСОНАҲО
БАХИЛ ВА САХӢ
Дар деҳае марди бахилу бадҷаҳле буд. Вайро мумсик мегуфтанд. Хонаи ӯ дар баландии болои деҳа буд. Ҳамсояи вай як деҳқони саховатпешае буд. Деҳқон ёфтаашро бо ҳамосяҳо бо ҳам медиданд. Марди бахил доро буду мумсик. Вақте ӯ чорво забҳ мекард, рудаю ишкама ва чизҳои нодаркорашро сӯи хонаи ҳамсояаш – марди деҳқони сахӣ мепартофт. Фарзандони деҳқон аз ин рафтори бади ӯ парвое надоштанд. Бо нодориашон қаноат мекарданд.
Марди дорои бахил ҳар рӯз ба фарзандони худ назар карда медид, ки харобу лоғаранд. Аммо ба фарзандони деҳқони сахии камбағал менигаристу медид, ки онҳо фарбеҳ, рухсораҳояш сурх буданд.
Рӯзе мумсики бахил аз камбағали ҳамсояаш пурсид, ки чаро писарони ту фарбеҳу боқувватанду фарзандони ман нотавону харобанд?
Деҳқон дар ҷавоб гуфт:
– Ҳамсоя, ман ба тарафи хонаи касе бо ҳасад нигоҳ намекунам. Қаноатпешаам. Шумо ба хонаю кори ҳама нигоҳ карда, ҳасад мебаред. Фарзандонатон ҳам мисли худатон мебошанд.
Ин гап ба дорои ҳасуд таъсир карду аз он вақт ин феълашро партофт ва оҳиста-оҳиста рангу рӯи фарзандонаш беҳтар шудан гирифт.
ҚИССАИ ГАВҲОРАБАХШ
Дар замони қадим дар ноҳияи Шуробод деҳае аз дарёи Панҷ болотар буд, ки онро деҳаи Роғ мегуфтанд. Дар ин деҳаи кӯҳсор ду шахс дӯстона зиндагӣ мекарданд. Яктоаш Мансур ном дошту дигарашро Ҷалол мегуфтанд.
Мансур дорою ғаюру худписанде буду Ҷалол деҳқони соддаю камбағал.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё