Зеҳн
ПАНДИ ЗИНДАГӢ

«Панди зиндагӣ» дуюмин дафтари эҷоди Сайидалӣ Барот аст. Дар маҷмӯа шеъру андарз, қиссаву афсона ва рубоиву дубайтиҳое гирд омадаанд, ки самараи дидаву шунидаҳояш мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 36 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Чизеро, ки намедонӣ, аз пурсидани он асло шарм набояд кард. Пурсида, пурсида доно мешавӣ. Дида-дида фаҳмо мешавӣ.


Қадри устодонро бояд бидонӣ. Касе устодашро беқадрӣ мекунад, бадбахтарин инсони олам аст.


Қавл додӣ, албатта вафо бояд кард. Беҳтарин хислати одам он аст, ки ба ваъда вафо кунад. Инсон ҳамеша бояд шукргузор бошад. Шукрона аз он кунад, ки Худо ба ӯ ризқу рӯзӣ додааст, тани сиҳату фарзандони содиқ додааст.


Инсон бояд забони буррою гӯё дошта бошад. Ҳар чӣ мегӯяд рост ва ҳаққонӣ гӯяд.


Аз касе бояд тарсид, ки ӯ аз Худо наметарсад. Аз инсони ганда дур бояд гурехт.


Суханчин набояд буд, чунки хислати бади инсон ҳамин аст.


Дурӯғ набояд гуфт. Ҳар сухане мегӯӣ ҳаққонӣ ва рост бояд гуфт.


Шахс бояд соҳиби тани пок бошад. Луқмаи ҳалол бояд хӯрд.


Илоҷе кардан лозим аст, ки душманонро бо худ дӯст намоӣ. Дӯстонро бошад аз худ магурезон. Ҳамеша мутакои дӯст бояд буд.


Дӯстдори қарз набошед. Қарз касрат аст. Мегӯянд, ки кам бихӯру ғам махӯр. Ин гуфтаҳо барои одамоне ҳаст, ки қарздор мешаванду як умр азият мекашанд.

пешина
аз 36
навбатӣ