Зеҳн
ПАНДИ ЗИНДАГӢ

«Панди зиндагӣ» дуюмин дафтари эҷоди Сайидалӣ Барот аст. Дар маҷмӯа шеъру андарз, қиссаву афсона ва рубоиву дубайтиҳое гирд омадаанд, ки самараи дидаву шунидаҳояш мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 36 саҳифа

Шеър

ТОҶИКИСТОН

Эй Ватан ман дӯст дорам дашту кӯҳсори туро,
Деҳаву шаҳри базебу ҳам дилорои туро.
Шӯҳратат бодо фузун дар ҳар куҷое, эй Ватан,
Чунки ҳастӣ модари ман, дӯст медорам туро.
Ман нишинам ҳам сари сангат ғазалхонӣ кунам,
Теппаҳоят мебароям рамаро бонӣ кунам.
Кабкҳо дар кӯҳсоронат ба парвоз омада,
Дар баҳорон маст гашта ханда арзонӣ кунам.
Эй диёри нозанинам, кишвари ободи ман,
Боиси хушнудиам, сарманшаи эҷоди ман.
Хоки ҳосилхези ту чун сурмаи чашмони ман,
Оби ҷонбахшат равон дар шаҳраги аҷдоди ман.
Дар канорат ҳар куҷо осуда мегирам нафас,
Эй диёри нозанинам бо ту ман дорам ҳавас.
Хизматат аз ҷону дил имрӯз иҷро мекунам,
Номи ту машҳуртар дар рӯи дунё мекунам.
Кӯҳҳоят пур зи ганҷу даштҳоят ғаллазор,
Зебу фар аз нав диҳад ҳусни базебатро баҳор.
Ман Ватан мегӯяму дил мешавад пур аз фараҳ,
Аз тамошои ту аслое намегирам нигаҳ.
Эй Ватан ҷонам туӣ, ҳам нуру имонам туӣ,
Қувваю нерӯи ман, ҷонам туӣ, ҷонам туӣ.

НАВРӮЗ

Рӯзи Наврӯз ҳам расид, олам мунаввар мешавад,
Зиннати рӯи замин аз сабзаи тар мешавад.
Оятеро хон ту аз Қуръону кам кун лобаҳо,
Тоҷикистон кишвари хуб асту хубтар мешавад.
Рӯзи Наврӯз омаду ҳар ҷо бигашта сабзазор,
Занги дилро мебарад, эй дӯстон, бӯи баҳор.
Шодию хурсандӣ бошад ҳар куҷо дар ҳар канор,
Шод бош, хуш омадӣ, Наврӯзи – ман фасли баҳор.
Рӯзи Наврӯз омаду ҳар ҷо гулистон мешавад,
Сабзу хуррам сарзамини Тоҷикистон мешавад.

аз 36
навбатӣ