Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
Пайрав хеле ҷиддӣ гуфт:
– Ту ҳунари шоир шудан надорӣ, ҳамон тилмочиятро (тарҷумониятро – А.А.) кардан гир! Барои як дараҷа дуруст шеър гуфта тавонистан, ба ғайр аз чизҳои дигар, камаш дусе ҳазор мисраъ шеър аз ёд донистан шарт аст, ҳол он ки ту ақаллан дусад мисраъ ҳам шеър дар ёд надорӣ...
Аз шоироне, ки ман мешинохтам, дар шеърдонӣ касеро намедонам, ки ба Пайрав баробар шуда метавониста бошад...»
Дар ин пора, ки ёде аз Пайрав аст, ҳадаф талқини нозуку бидуни малоли хотири ҷавонон ба ҳар чӣ бештар аз ёд кардани шеър ва ба ин васила таҳрики онҳо ба дарки мусиқиву оҳанги арӯз, таносуби сухан, қоидаҳои радифу қофия ва дигар назокатҳои шеъри тоҷикӣ мебошад, ки бе аз ёд кардани шеъри бисёр ва ҳосил кардани малака даст нахоҳад дод.
2 Фаъолияти адабиву илмии устод Раҳим Ҳошим хеле бисёрпаҳлу, гуногунсоҳа ва домандор аст. Дар се шумораи нашршудаи маҷаллаи «Болалар юлдоши» («Ҳамсафари кӯдакон»), ки соли 1919 бо ташаббуси устод Айнӣ дар Самарқанд сурат гирифта буд, ду мақолаи Раҳими 11-сола ба табъ расидааст: «Хотираи саёҳат» ва «Айёми таътил». Соли 1924 дар рӯзномаҳои «Зарафшон» ва «Овози тоҷики камбағал» 19 мақолаи Раҳими 16-сола чоп шудааст, ки баъзе аз онҳо мавзӯъҳои хеле ҷиддии он замонро фаро гирифтаанд:
«Ташкилоти деҳқонон барои чист?», «Дар бораи қарз додан ба деҳқонон», «Дар бораи анҷуманҳои советӣ ва масъалаҳои маориф», «Дар бораи тақсими ҳудудҳои Осиёи Миёна» ва ғайра. Баъдан дар солҳои 1925-26 мавзӯъҳои мақолоти Раҳими наврас боз ҳам ҷиддитар мешаванд, масалан, «Доҳии бузург ва занҳо», «Фитнаи англисҳо дар Шарқ», «Барои беҳбудии маорифи деҳот» ва амсоли инҳо.
Аз соли 1927 Раҳим Ҳошим ба сифати котиби масъули маҷаллаи «Раҳбари дониш» тамоман ба кори адабиёт ва маориф камар мебандад. Рӯи муқоваи китобҳои «Ҷаҳони нав» (1928), «Алифбои нав барои мактабҳои савод» (1929),

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё