Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ӯ аз бачагӣ пуртакопӯ буд, ба муҳити атроф бо чашми ҳайрат ва иштиёқи тамом менигарист. Ниҳоят ҳассос буд.
Аз навсозиву ибтикороти мардум ба ваҷд меомад, шеър мегуфт. Ҳамагӣ 19 сол дошт, ки аввалин маҷмӯаи шеърҳояш ба забони туркӣ ба табъ расид: Ғанӣ Абдулло. «Қурулиш сатрлари» («Сатрҳои сохтмон»), Тошкент-1931-Боку. Баъди ду сол маҷмӯаи дувуми ашъори ӯзбакияш таҳти унвони «Бо номи Ведуинг» чоп шуд. Шеърҳои тоҷикӣ низ эҷод мекард (маҷмӯаи «Садо», 1935 ва достони «Ду соҳил», 1935), мақолаҳои интиқодӣ ва адабиёшиносӣ ҳам менавишт:
«Устоди бузурги мо» (дар бораи М.Горкий,«БАС», 1932, №2), «Ҷалол Икромӣ ва эҷодиёти ӯ» («БАС», 1932, №5), «Дар бораи баъзе масъалаҳои драматургия» («БАС», 1935, №4) ва ғайра.
Навиштани шеъру мақолаҳо барои Ғанӣ Абдулло, чунин ба назар мерасад, ки дар роҳи мақсади асосӣ – драманависӣ як зина ва манзари эҷоди бадеӣ буд. Ӯ дар ёддошташ ба унвони «Зиёӣ», ки ба хотираи язнааш Маъруф Расулӣ (низ қурбонии зӯроварии соли 1937) бахшидааст, чанд лаҳзаи ҷолибро аз айёми бачагии худ оварда, аз ҷумла навишта буд: «Мо бародарон (манзур худи ӯ ва Рашид Абдуллост- А.А.) аз модар хеле хурд монда будем. Ҳамин ки модарам аз дунё чашм пӯшид, моро падарам ба дасти хоҳарам, дурусттараш ба дасти язнаам, супорид ва худаш ба Душанбе омад…
Мо маҳфили драмавӣ доштем ва ҳайати он аз бачаҳои ҳавлӣ иборат буд. Ман барои ин маҳфил менавиштам ва ба вай мудирӣ мекардам…Росташ, ки саҳнаро дӯст доштани ман, драманависии ман ҳанӯз аз ҳамон солҳои бачагиям сар шудааст».
Ҳамшираи Ғ.Абдулло Музаффара Қосимова дар суҳбат (с.1989) бо банда ва Фирӯза Шаҳидӣ ҳикоят карда буд:
«Абдуғанӣ аз бачагиаш хеле фаъол ва эҷодкор буд. Песаҳо менавишт ва мо нақшҳоро бозӣ мекардем. Дар байни мо Мушаррафа Усмонова, ки ҳоло актрисаи машҳур аст, низ нақшҳоро бозӣ мекард».
Аввалин песаи ӯ «Вахш» соли 1933 навишта ва соли 1934 таҳти унвони «Водии бахт» ба саҳна гузошта шуд.

пешина
аз 202
навбатӣ