Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
Дар шипангчаи рӯи ҳавлӣ, ки бо гулзор иҳота гардида, ҷои дӯстдоштаи устод буд, байни ӯ ва оқои Шабистарӣ суҳбати тӯлоние сурат гирифт. Миршакар аз устодони худ Айниву Лоҳутӣ, ҳамқаламону ҳамсафонаш, аз сохтмонҳои азими даврони шӯравӣ хотираву ёддоштҳои аҷибу дилписанд ҳикоят мекард. Лаҳну оҳанги суҳбаташ чунин буд, ки замони шӯравӣ, қатъи назар аз баъзе нуқсонҳояш, барои рушду шукуфоии Тоҷикистон, балки барои ҳамчун миллат ташаккул ёфтани тоҷикон ва чун як воҳиди маъмуриву ҷуғрофӣ дар харитаи ҷаҳон пайдо шудани Тоҷикистон нақши ҳалкунанда бозид. Зимнан нисбат ба нобасомониҳое, ки он рӯзҳо дар кишвар, хоса дар Душанбе, ҷараён доштанд, низ устод таассуфомез сухан мегуфт. Суҳбаташ гӯё тафсири ин порае аз шеъри «Чароғи зиндагӣ»-и худи ӯ буд, ки дар он сатри маъруфи устод Лоҳутӣ «Даврони теғу оташу хун буд замони ман» ба сифати сароғоз оварда шудааст:
Мерасад аз кӯчаҳо овозаҳо,
Ки «… ғалат буд, он чи мо пиндоштем»
Оре, саҳву иштибоҳе буд, лек
Ҳосиле аз кишта мебардоштем.
Хулосаи суҳбати устод низ чунин буд, ки дар яке аз шеърҳояш гуфтааст:
Пир гаштам.
Намехурам афсӯс,
Ки ҷавонии хеш бахшидам
Ба диёрам, ки ӯ ҷавон гардад,
Ташналаб будаму бикӯшидам,
Об дар ҷӯйи ӯ равон гардад.
Ранҷ бурдам на аз барои ганҷ,
Ранҷ бурдам на баҳри шуҳрати хеш.
Ранҷ бурдам, ки то чу рӯди Панҷ
Биравад халқи ман ҳамеша ба пеш.
Суҳбати устод тӯлонӣ буд, ӯ хаста ҳам шуд ва ҷаноби
Шабистарӣ дастовезашро тақдим карду моро янгаи Гулчеҳра то берун гуселонид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё