Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
Барои Мирсаид Миршакар ва дар шеъри ӯ Ватан мафҳуми на муҷарраду мавҳум, на мояи васфу ситоиши урён (чунон ки имрӯз баъзе шоирон васфу ситоиши урёну беасари Ватанро пеша кардаанд), балки мафҳуми азизтарину муқаддастаринест, ки бо волотарин мафҳумҳои модар, ҳастӣ, дилу ҷон тавъам аст. Бигзор баъзе аз ин шеърҳо бадеияти баланд надошта бошанд, вале самимияти олӣ, меҳру муҳаббат ва ихлосу сипосе, ки дар ҳар сухан, дар ҳар таъбиру дар ҳар байт эҳсос мешаванд, норасоии бадеияти шеърро ҷуброн мекунанд. Хонанда дар ин шеърҳо на танҳо васфи мавсуфу мадҳи мамдӯҳро мебинад, балки шахсияти шоирро тавассути хислату сифатҳои ӯ мешиносад, мекӯшад, ки аз вай ибрат бигирад. Таваҷҷуҳ намоед ба ин пора аз шеъри «Ҷаҳонам беканор аст», ки дар он хислатҳои шахси шоир чи гуна тавъам бо қадру манзилати мафҳуми «Ватан-Модар»
баён мегардад:
Раҳи тӯлоние тай кардаам ман,
Ки пур буд аз нишебу аз фарозе.
Худам ҳамвор роҳамро намудам,
Напурсидам мадад аз роҳсозе…
Нанолидам, чу рӯзе сахт омад,
Наболидам, ки онро зер кардам,
Нагаштам ҳамтабақ бо худписанде,
Накардам назди мансабдор сар хам…
Ватан! Ҳар гаҳ Ватан гӯям, чу дар хоб
Барояд рӯбарӯям модари ман.
Ҳамон модар, ки ҷо бо шир кардаст
Даруни синаам меҳри Ватанро,
«Ватан – Модар» чу номам ёд додаст
Зи тифлӣ аз бароям ин суханро.
Мавзӯи ватандӯстиву халқпарвариро дар эҷодиёти устод Мирсаид Миршакар месазад, ки бо чаҳорпораи зерин ҷамъбаст кард, ки дар он мисраи пурборе аз аллома Иқболи Лоҳурӣ тазмин шудааст:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё