Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар ин тангнои сангистон, ки файзи осмон санг аст,
Нафас тангу ҳавас танг аст, дил тангу қафас танг аст.
Битобам дасти қисматро, ки эъҷозаш хатокорист,
Ки аз фарҳанги «дилҷӯӣ» ба комам вожаи «ҷанг» аст.
Зи меҳнат панҷаи ман менамояд хӯшаи ангур,
Вале киште, ки беҳосил бувад ин ҷо, ҳамон нанг аст…

Дар ашъори Гулназар тасвир мақоми хос дорад. Баъзе шеърҳо саропо аз тасвир иборатанд ва дар онҳо шайъ ё манзараи мавриди тасвир бо нишонаву аломат ва намуду ҳолати мушаххас чунон қаламдод мешаванд, ки онҳоро на танҳо тасаввур кардан, балки пеши назар овардан низ имконпазир аст. Масалан, дар шеъре падидор шудани моҳ аз паси кӯҳ чунин тасвир шудааст:

Кӯҳи фарбеҳ, кӯҳи танбал, кӯҳи фартут Навҷавон шуд, тоза шуд, нозукмиён шуд.
Аз варои хоби сангини чакоди моту ҳайрон Бо латофат, бо тароват, бо назокат Духтари шаб – «Маҳ» аён шуд.

Байту қитъаҳое, ки Гулназар онҳоро «Пурсишҳо» номидааст, пуропур аз ҳикмат, саволҳои беҷавобанд, ки ҳолати гӯянда ва вазъи ҷомеаро мунъакис намудаанд. Чанд намуна аз онҳо:
Ман аз шоми ҷаҳолат дар ҳаросам, Куҷоянд, эй Худо, пайғамбаронат?


Ин Ватан дар шикам туро гунҷид,
Дар дили ту чаро намегунҷад?

пешина
аз 202
навбатӣ