МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа
А. Семёнов низ шубҳанок будани насабномаи сайидҳои Бухороро таъкид намуда, зикр кардааст, ки дар аморат, махсусан маркази он «талабгорони ба даст овардани ҳуқуқи аз авлоди паёмбар будан ниҳоят зиёд буданд» [16, 993].
Хоҷаҳо ҳамчун табақа дар асрҳои миёна нақши сиёсӣ надоштанд, болоравии нуфузи онҳо баъди ба сари қудрат омадани Шайбониён ибтидо мегирад [9, 303-312] ва ҳатто дар «асри XIX ҳокимон ва амалдорони калон бештар бо роҳи зўрӣ духтаронро аз хонадони хоҷаҳо ба занӣ мегирифтанд, то дар оянда худро «сайид» номида тавонанд»
[6, 276]. Аз ин рў, амирони манғитии Бухоро низ насабномаи худро аз паёмбари мусулмонон гирифта, ба унвони худ тимсоли «сайид»-ро зам кардаанд [10, 34].
Таъсири руҳониёни Бухоро ба дигар гурўҳҳои иҷтимоӣ нақши ҳалкунанда мебозид ва ҳатто амирон ҳангоми ҳалли корҳои махсусан муҳимми давлатӣ «маслиҳат» ва ризоияти намояндагони ин табақаи бонуфузро мегирифтанд ва ҳамеша кўшиш мекарданд, ки бо ин гурўҳ ихтилоф надошта бошанд. Намунаи оқибати чунин ихтилоф муноқишаи байни амир Абдулаҳад (1885-1910) ва руҳониён аст, ки дар натиҷа амир Бухороро абадан тарк кард ва Карминаро ҷойи будубоши доимии худ интихоб намуд [16, 987- 988].
Бояд гуфт, ки танҳо сайидҳо ва хоҷаҳои ашроф мавқеи имтиёзнокро соҳиб буда, намояндагони онҳо ба мақому мансабҳои баланд, пеш аз ҳама мансабҳои динӣ ва давлатӣ таъйин мешуданд. Бонуфузтарин қишри ин табақа дар Бухоро хоҷаҳо ё шайхҳои Ҷўйборӣ [7; 8; 17; 18] буданд, ки маҳз намояндагони онҳо ба вазифаҳои «аълам, шайх-ул-ислом, амалдору низомиён (сипоҳиён) таъйин мешуданд» [17, 169].

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё