АФСОНАҲОИ ХАЛҚИ ҶОПОН

Рӯзе деҳқонон досҳояшонро гирифта, барои дарав ба
киштзор омаданд. Гомбэй ҳам бо ҷиддият ба кор шуруъ
кард. Ногоҳ аз пешаш хӯшаи ғафсу дарозе баромад. Гомбэй
хӯшаро хам карда, мехост, ки онро бо дос бурад. Аммо хӯша
ӯро чунон ҳаво дод, ки ба осмон парид. Гомбэй ба замин наафтид. Ӯро боз шамол бардошта, ба осмон бурд.
Гомбэй тааҷҷуб накард. Ҳамон замон асли воқеаро
фаҳмид.
– Бовар дорам, ин ҳамон шамолест, ки маро ба Кюшю
овард! Акнун шамол мехоҳад, ки маро ба хонаам бозгардонад.
Ин дафъа Гомбэй дар ҳаво дасту по назада, роҳат
меистод.
Гомбэйро шамоли сахт аз замин баланд, дар рӯйи ҷангалу
кӯҳҳо ва дашту баҳрҳо дури дур ба тарафи шимол мебурд.
Рӯзи дароз ӯ дар ҳаво парвоз кард. Бегоҳӣ шамол суст шуд
ва Гомбэй оҳиста-оҳиста ба замин фуруд омад.
«Вақти омаданам се рӯз парвоз карда будам, аммо ин
дафъа як рӯз шуд. Маълум мешавад, ки ҳанӯз ба Ҳоккайдо
нарасидаам», – аз дил гузаронд Гомбэй.
Вай ба атроф нигоҳ кард. Дар ҳақиқат ин ҷойи бегона буд.
Чор тараф биёбони холӣ. Хона куҷо, ҳатто дарахту буттае
ҳам намудор набуд.
Гомбэй ҳаросид. Дар ин вақт офтоб ғуруб карда, торик
шуда буд ва дар чор тараф абрҳои сиёҳ шино мекарданд.
«Ба қарибӣ борон меборад. Дар куҷо паноҳ мебурда
бошам?» – фикр кард Гомбэй. Вай зуд қадам бардошта, пеш
мерафт, то барои худ маконе пайдо кунад.
Ногоҳ ба замбурӯғи сафеде бархӯрд.
«Дар ин ҷо замбурӯғҳои аҷоиб мерӯйидаанд», – ғур-ғур
кард Гомбэй. Аммо хам шуда дид, ки он замбурӯғ не, балки
кулоҳи лапардори аз хаси шолӣ бофташуда будааст.
«Чӣ хел хуб! – хурсанд шуд Гомбэй. – Ин кулоҳро пӯшида, дар борон тар намешавам!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё