Зеҳн
АФСОНАҲОИ ХАЛҚИ ҶОПОН

Аз ҷопонӣ тарҷумаи Разиюддин Атоӣ

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 29 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Тамоми шаб хоб дид, ки мурғобиҳои рӯйи олам ҳамаашон омада ба домҳояш меафтанд. Гомбэй нисфи шаб бедор шуда, зуд либосҳояшро пӯшид ва ба сӯйи кӯл шитофт. Давида ба назди соҳил омад, вале ягон мурғобӣ набуд. Домҳо холӣ буданд. Ҳамаи домҳо бо ресмон пайваст карда шуда, нӯги он ба танаи дарахт баста шуда буд.
Субҳ кам-кам равшантар шуд. Ногоҳ аз куҷое мурғобиҳои бисёре пайдо гаштанд. Онҳо дар гирди кӯл давр зада, як-як ба рӯйи об нишастан гирифтанд. Ҳамаи мурғобиҳо рост ба рӯйи доми Гомбэй менишастанд..
Гомбэй ба домҳояш нигоҳ карда, ба дарахт наздик шуд.
Ба ҳамаи домҳо яктогӣ мурғобӣ афтида буд, танҳо як дом холӣ буд ва як мурғобӣ дар ҳаво чарх мезад. Гомбэй нӯги ресмонро аз дарахт кушода, ба дасташ гирифт. Вай афсӯс мехӯрд, ки як домаш холӣ мондааст.
«Агар як мурғобии дигар дорам, ҳамааш садто мешавад.
Он вақт домҳоро аз об мегирам».
Аммо кайҳо рӯз шуда буд ва офтоб тулуъ мекард. Вақте ки офтоб аз паси кӯҳҳо баромад нурҳояш дар об ҷило дода, чашмони мурғобиҳоро бурданд. Ҳамаи наваду нӯҳ мурғобӣ бол зада, дом дар пойҳояшон ба ҳаво хестанд. Гомбэй ресмонро мустаҳкам медошт. Аммо қуввати мурғобиҳо зӯртар буд, зеро онҳо наваду нӯҳто буданд. Онҳо баландтару баландтар парвоз мекарданд. Акнун Гомбэй ресмонро нею ресмон ӯро кашола мекард. Гомбей бо ҳар ду дасташ аз ресмон сахт дошта, баробари мурғобиҳо парвоз мекард. Онҳо аз кӯл хеле дур шуданд. Гомбэй аз тарс ба зер нигоҳ намекард.
Мурғобиҳо хеле баланд баромада, аз рӯйи деҳаву ҷангал ва кӯҳ парвоз карда гузаштанд. Ногоҳ ресмон аз дасти Гомбэй раҳо шуд. Мурғобиҳо парида рафтанд, аммо Гомбэй дар ҳаво муаллақ монд. Аз тарс дили ӯ аз тапиш бозмонд.
Гомбэй бояд меафтид, аммо чунин нашуд. Вай бо ҳайрат ва эҳтиёткорона чашмонашро кушод. Гомбэй мисли пештара дар осмон парвоз мекард. Ӯро шамоли сахт аз замин баланд,

пешина
аз 29
навбатӣ