Зеҳн
АФСОНАҲОИ ХАЛҚИ ҶОПОН

Аз ҷопонӣ тарҷумаи Разиюддин Атоӣ

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 29 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Деҳқонон ба фикр фурӯ рафтанд. Аз илоҳаи кӯҳ баднамотар чист? Хеле фикр карданд, аммо чизе пайдо карда натавонистанд.
– Хуб, – гуфт кампир, – ба шумо як маслиҳат медиҳам. Ба лаби чашма равед ва каждуммоҳӣ доред. Дошта бинед, ки ҳеҷ махлуқи дунё чашмонашро чунин безеб ало намекунад!
– Каждуммоҳӣ? Рост мегӯед!, – хурсанд шуданд деҳқонон.
Онҳо ба лаби чашма рафта, каждуммоҳӣ доштанд ва қоҳқоҳ хандида, гуфтанд:
– Ҳа-ҳа-ҳа! Афташро бинед!
– Ана, аҷоибот!
– Э, бадафт!
Онҳо каждуммоҳиро ба кӯзае андохта, ба сари кӯҳ шитофтанд. Хонаи илоҳаи кӯҳро ёфта, дарашро кӯфтанд:
– Ҳой илоҳаи кӯҳ, – муроҷиат карданд. – Баромада бин, ки мо барои ту чӣ овардем!
Илоҳа дарро кушода ба кӯза нигоҳ кард. Дар он моҳиро дид, чи чашмонашро ба ҳар тараф мепесонад! Тамоман баднамо!
– Ана, аҷоибот! – ҳайрон шуд илоҳаи кӯҳ. – Дар дунё ҳамин хел чиз ҳам будааст-дия! Мебинам, ки аз ман ҳам баднамотар чиз будааст! Ҳазор бор шукр, ки ман каждуммоҳӣ барин нестам! Чашмонашро бинед, гоҳ ин тарафу гоҳ он тараф каҷ мешаванд! Ҳа-ҳа-ҳа! Дигар худдорӣ карда наметавонам! Ҳозир аз ханда мекафам!
Илоҳаи кӯҳ ва деҳқонон хеле хандиданд. Ҳамаашон хурсанд буданд. Вақти илоҳаро мисли пешина хуш карданд.
Илоҳа бо одамон оштӣ карда ба деҳа баргашт. Шолӣ хӯша баст ва дарахтон пурмева гаштанд. Аз ҳамон замон ин ҷониб ҳама сарватманду босубот зиндагӣ мекунанд.

пешина
аз 29