Зеҳн
АФСОНАҲОИ ХАЛҚИ ҶОПОН

Аз ҷопонӣ тарҷумаи Разиюддин Атоӣ

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 29 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Агар хушксолӣ шавад ҳама ба сари кӯҳи Тога, ба назди илоҳа Сомбутсу мерафтанд. Ба чоҳи чуқур санг мепартофтанд ва илоҳаро бедор карда, аз ӯ борон талаб менамуданд. Мӯсафедон мегӯянд, ки пас аз ин кор ҳатман борон меборад.

ИЛОҲАИ КӮҲ ВА КАЖДУММОҲӢ

Дар замонҳои хеле қадим, дар деҳае одамони сарватманд зиндагӣ мекарданд. Чаро онҳо чунин доро буданд? Барои он ки деҳқонони он деҳа бо худи илоҳаи кӯҳ дӯстӣ доштанд.
Барои ҳамин илоҳаи кӯҳ ба онҳо ҳосили фаровон медод ва ҳашароти зараррасонро аз заминҳо дур меронд. Ҳар тирамоҳ илоҳа ба қуллаи кӯҳ баромада, аз он ҷо ба деҳа нигоҳ мекард. Баҳор бошад ба деҳа фаромада, бо мардум зиндагӣ мекард. Одамон ҳар баҳор омадани ӯро интизор мешуданд. Ҳеҷ гоҳ дар набудани ӯ шолӣ намекориданд, зеро баҳорон вайро илоҳаи майдонҳои шолӣ меномиданд. Илоҳаи кӯҳ хеле меҳрубон ва ниҳоят шармгин буд. Гоҳо аз хиҷолат суп-сурх мешуд ва гоҳо рӯйи худро пинҳон мекард. Ӯ мисли духтари ҷавон бисёр якрав буд.
Боре, баҳорон чунин воқеа рӯй дод. Чун ҳарсола, илоҳаи кӯҳ замони шоликорӣ ба деҳа омад. Ӯро бо дастархони пурнозу неъмат ва иззату эҳтиром пешвоз гирифтанд. То вақти ба тамошои деҳа баромадани илоҳа ҳамааш хуб буд. Ӯ хонаҳову майдонҳоро тамошо карда то лаби чашма расид. Дар лаби чашма дам гирифта, атрофро тамошо кард. Ногоҳ дар оби чашма акси худро дид! Баробари аксашро дар об дидан пичирос зад:
– Ой, ой! Ана бадбахтӣ! Наход ин ман бошам?! Ҳеҷ гоҳ чунин бадафт буданамро намедонистам! Афтро бин-у! Чӣ хел шармандагӣ! Аз ин андом шармам меояд!
Илоҳа ашки сӯзон рехта, чизҳояшро гирифт ва ба кӯҳи аз ҳама баланд гурехт.

пешина
аз 29
навбатӣ