АФСОНАҲОИ ХАЛҚИ ҶОПОН

– Илоҳа Сомбутсу, ба полизи мо борон бифирист,– дуо
кард пирамард.
– Илоҳаи меҳрубон Сомбутсу, шалғами мо нобуд мешавад, ба мо ёрӣ деҳ. Моро аз гуруснагӣ нигоҳ дор! – дуо кард
набера.
Илоҳа Сомбутсу садое набаровард, дуокунон нишастанду
рафтанд.
Рӯзҳои дигар ҳам пирамард бо наберааш омада, дуо
карданд, вале илоҳа Сомбутсу ба онҳо чизе ҷавоб надод.
Баргҳои шалғам аз беобӣ пажмурдатару зардтар мешуданд.
Дар рӯзи ҳаштум пирамард аз хоб хеста ба осмон нигоҳ
кард, ки боз ҳам ҳаво соф. Ҳатто як абрак ҳам нест.
– Акнун фаҳмидам, ки илоҳаи бузурги барқ Сомбутсу монанди гуфтаи одамон меҳрубон набудаанд,– ғур-ғур кард
пирамард.– Ӯ дуоҳои моро гӯш намекунад.
Дигар илоҷ ҳам набуд. Онҳо боз ба сари кӯҳи муқаддас
рафта, ба дуохонӣ сар карданд:
– Ғами моро бихӯр, илоҳа Сомбутсу, ақаллан як боронак
бибор! Полизи моро тар кун! Шалғами моро наҷот бахш!
Кӯҳ ҳамоно хомӯш буд ва илоҳа Сомбутсу чизе намегуфт.
Пирамард сахт ба ғазаб омада, дод зад:
– Одамон дурӯғ мегӯянд, магар ту ёрӣ дода метавонӣ! Ту
илоҳа не, ту фиребгар ҳастӣ!
Пирамард санги калонеро бардошта ба сӯи кӯҳ партофт!
Санг ғелида ба чоҳе афтид, ки дар сари кӯҳ буд.
Кӯҳ ба ғурриш даромада, ларзид ва аз зери чоҳ овози
марғуладоре баромад:
– Кӣ ҷуръати ба ман санг партофтан кард? Кӣ хоби маро
вайрон кард? Ҳозир ман нишон медиҳам!
Пирамард бо наберааш тарсиданд.
– Ой, наҷот диҳед! – гӯён тозон, аз кӯҳ дур шуданд. Пирамард дар ҷояш истода, гуфт:
– Эй илоҳаи бузурги барқ Сомбутсу, маро бубахш, ки ба
ту санг партофтам. Охир, дигар тоқати хомӯшии туро таҳаммул кардан надорам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё