Зеҳн
АФСОНАҲОИ ХАЛҚИ ҶОПОН

Аз ҷопонӣ тарҷумаи Разиюддин Атоӣ

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 29 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

– Чӣ нақлҳои ваҳмангез мекунӣ! – гуфтанд соҳибони хона.– Мо аз ту барои наҷот ёфтани кӯдакамон қарздорем. Ҳар гоҳ, ки хоҳӣ ба хонаи мо ба меҳмонӣ биё!
Онҳо ба Ямато миннатдорӣ баён намуда, ӯро зиёфат карданд ва инъом доданд.
Аз ҳамон замон инҷониб дар ҷазираҳои Рюкю чунин расм ба вуҷуд омад, ки агар кӯдак атса занад, ҳатман касе ба ӯ ибораи сеҳрноки «пир шав»-ро мегӯяд.

ИЛОҲАИ БАРҚ СОМБУТСУ

Дар замонҳои хеле қадим, дар деҳае дар миёни кӯҳҳо пирамард ва наберааш зиндагӣ мекарданд. Онҳо камбағал буданд, ҳамаи дороияшон як полизи хурдакак, баробари пешонии гурба.
Пирамард ҳар саҳар бо наберааш ба сари замин рафта, то бегоҳ кор мекард. Полизашон хурдакак бошад ҳам, онҳоро таъмин карда метавонист. Аз он гоҳ шалғаму лӯбиё ва гоҳ харбуза мегирифтанд.
Боре пирамард фикр кард, ки шалғам корад. Наберааш ба ин розӣ шуд.
– Бобо, ман шалғамро хеле дӯст медорам,– гуфт.– Агар ҳосили хуб диҳад, зимистон азоб намекашем.
Онҳо баъди коркарди замин, дона коштанд ва овоз бароварданд: «Шалғам, шалғам, баро! Шалғам, шалғам, калон шав! Фаровон шуда, бобою набераро хурсанд кун!».
Ва интизор шуданд, ки кай сабз мешавад.
Пас аз чанд рӯз диданд, ки полиз сабзи сабз шудааст. Пирамард ва наберааш хеле шод гаштанд:
– Ана, бин, чӣ қадар шалғам руста истодааст! Акнун гуруснагии зимистон ба мо таҳдид намекунад!
Вакти обдиҳии шалғам фаро расид. Пирамард ва наберааш барои об ба сарчашма рафтанд. То сари чашма роҳ дур буд.

пешина
аз 29
навбатӣ