Зеҳн
АФСОНАҲОИ ХАЛҚИ ҶОПОН

Аз ҷопонӣ тарҷумаи Разиюддин Атоӣ

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 29 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

– Ана ин косахонаи сари гӯсола, – қаноатмандона гуфт ӯ.
Хизматгори сеюм чароғи аҷина овард. Хизматгори чорум бошад меъдаи қашқалдоқро ба намоиш гузошт. Панҷумин пойафзоли гунҷишкро ба тамошо гузошт. Шашумин болу нӯли кабӯтарро пешкаш намуд. Хизматгори ҳафтум гӯши сунъии барои карҳо сохташударо ба миён гузошт.
Хизматгорон як-як пайдо шуда, ганҷинаҳояшонро ба намоиш гузоштанд, аммо аз хизматгори ҳаштум дараке набуд.
– Куҷо рафта бошад? Бо вай чӣ воқеа рух дода бошад?
– Шояд вай ягон ганҷина надошта бошад!
– Эҳтимол барои ҳамин наомада бошад! Афсӯс, аммо...
Ҳафт хизматгор дар чунин суҳбат буданд, ки хизматгори ҳаштум низ аз дар даромад. Вай ба подшоҳ бо эҳтиром таъзим намуд.
– Ман дер кардам, вале ҳеҷ баҳона кардан намехоҳам.
– Баъд узр мепурсӣ. Ҳоло зудтар ганҷинаатро нишон деҳ.
Чӣ овардӣ?
– Ҳа-а, а-а... Фақат ман ягон ганҷинаи махсус надорам.
Ман надонистам, ки ин бегоҳ бо худ кадом ганҷинаамро биёрам. Барои ҳамин ганҷинаи аз ҳама одиамро овардам.
– Ҳо! Ганҷинаи одӣ? Ин чӣ хел ганҷина будааст? Зудтар нишон деҳ!
– Ман онро дар паси дари қаср монда омадам.
– Эй, ту чӣ кор карда истодаӣ. Зудтар рафта биёр!
– Хуб, хуб. Ҳозир!
Хизматгори ҳаштум рафта, бо ганҷинаи худ баргашт.
Ганҷинаи ӯ чор духтари зебо ва чор писари гапдаро буданд.
Бачаҳо ду қатор саф кашида, ба шоҳ бо эҳтироми хосса таъзим намуданд.
Тамоми даруни қаср аз нури чеҳраи бачаҳо равшан шуд.
Хурӯси тилоӣ ва дигар ганҷинаҳо ҳама қадрашонро гум карданд.
– Эҳ-е... – мад кашида, гуфт подшоҳ, – дар ҳақиқат ин беҳтарин ганҷина аст. Бачаҳои дӯстрӯ! Акнун маълум шуд, ки чӣ одиву чӣ ғайриодӣ аст.

пешина
аз 29
навбатӣ