Зеҳн
Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан
  • Дар хонаат ба ёди ту оши худой дода истодаанд. Гӯшт бирён мекунанд. Ту аз бӯи ҳамон гӯшт сер шудӣ. Ба паси ман, ба асп савор шав, туро ба хонаат мебарам.

  • Ин хел ба хона рафта наметавонам. Чанд моҳ дар беша гаштам, акнун бо дасти холӣ ба хона равам? Не, камтар шикор мекунам. Ба ман пӯсти ҳайвонот даркор.

  • Пас, ба хонаи ман меҳмон шав, - гуфт савора.

Онҳо ба назди як ҳарсанги хокистарранг рафтанд. Банохост даре кушода шуду онҳо ба даруни ҳарсанг даромаданд. Дар он ҷо пӯстҳои зебо беҳисоб овезон буд.

  • Чӣ қадаре ки тавонӣ, бигир, - гуфт соҳибхона ба меҳмон. Шикорчӣ пӯстҳоро ба ҳам даста-даста баст.

  • Хайр, акнун ба паси ман, ба асп нишин, туро ба хонаат мебарам, аздусар худат рафта наметавонӣ. Эҳтиёт шав, ба касе даҳон накушод, ки маро дидӣ. Гӯй, қорат бад мешавад. Қасам хӯр, ки дар ин хусус ба касе чизе намегӯйӣ.

  • Қасам мехӯрам, - гуфт шикорчӣ.

Вай ба аспи сиёҳмушкин, ба паси хӯҷаин савор шуд ва онҳо ба роҳ даромаданд. Асп чунон тез медавид, ки дар паси гӯшҳо шамол хуштак мекашид. Ногоҳ асп дар ҷояш истода монд ва шикорчӣ дид, ки ба юрти худ расидааст. Савора аспро гардонда нопадид гашт. Шикорчӣ ба юрт даромада дид, ки занаш хоб аст. Ӯ дар паҳлуи занаш дароз кашид. Занаш бедор нашуд. Вай саҳарӣ аз хоб бедор шуда, шавҳарашро дида тарсид ва ӯро аз хоб бедор накард. «Вай аз куҷо омада бошад? Магар аз он дунё? Охир мо оши худоиашро додем!» Вай тоқат накарда, шавҳарашро бедор кард ва пурсид:

  • Аз куҷо омадӣ? Мо гумон кардем, ки ту мурдаӣ. Оши худоиатро додем.

  • Не, ман намурдаам, - гуфт шикорчӣ. - Ман дар беша роҳро гум карда будам.

  • Хайр, чӣ тавр аз беша баромардӣ, кӣ туро наҷот дод? Ин қадар сайдро чӣ тавр задӣ?

  • Бегоҳӣ сӯҳбат мекунем, - гуфт шикорчӣ. - Аввал мехоҳам, ки пӯстҳоро фурӯшам.

Худи ҳамон рӯз вай пӯстҳоро фурӯхта бой шуд. Занаш аз

пешина
аз 200
навбатӣ