Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа
— Сурати маро эҳтиёт кун, — гуфт вай. — Агар эҳтиёт накунӣ, ба сарамон бадбахтӣ меояд.
Мусиқачӣ сурати занашро дар сари кишт гузошта, замин шудгор мекард. Вай ба сурати занаш нигариста мондашавиро ҳис намекард. Ана ҳамин тавр ӯ то бевақтии шаб кор карда, тамоми заминро шудгор кард. Ӯ акнун ба хона баргаштани буд, ки банохост шамоли саҳте вазида суратро ба ҳаво бардошта ба самти шарқ парронда бурд.
Сурат дар наздикии қасри хон ба замин афтод. Хизматгорон суратро гирифта ба хон нишон доданд.
— Дар сарзамини ман ин хел духтари зебо зиндагӣ мекардаасту чаро ман хабар надорам? — дод зад хон. — Чаро ӯро аз ман пинҳон кардед? Зуд аз куҷое, ки набошад, ӯро ёфта ба назди ман биёред!
Як даста сарбозони хон дар ҷустуҷӯи соҳиби сурат ба сӯи ғарб асп давонданд. Онҳо деҳа ба деҳа гашта, дар ҳеҷ ҷой духтарро ёфта наметавонистанд. Оқибат дар як саҳрои бедолу дарахт як хоначаеро диданд.
Онҳо ба хона даромада, аввал ба соҳибаш, баъд ба сурат нигоҳ карда гуфтанд:
— Хон амр кардааст, ки туро ба қаср барем.
— Агар хон амр карда бошад, рафтан шарт аст, — гуфт зани мусиқачӣ. — Лекин иҷозат диҳед, аввал бо шавҳарам хайрухуш кунам. Сардори сарбозҳо иҷозат дод. Зани мусиқачӣ ба назди шавҳараш рафта гуфт:
— Ту сурати маро эҳтиёт накардӣ, акнун ба сари мо бадбахтӣ омад. Агар хоҳӣ, ки мо боз якҷоя бошем, агар маро аз дасти хон халос кардан хоҳӣ, аз пӯсти паранда як пӯстин медӯзӣ, баъд ба шаҳр рафта, дар пеши қасри хон суруд мехониву рақс мекунӣ.
Баъд сарбозҳо зани нозанини мусиқачиро ба назди хон бурданд. Мусиқачӣ танҳо монд. Ӯ зоғ ва аккаи бисёреро шикор карда аз пӯсти онҳо пӯстин дӯхт. Баъд он пӯстини хандаоварро пӯшида, дуторчаашро гирифту ба шаҳр рафт.
Хон ба ҳусну ҷамоли зани мусиқачӣ шефта шуда таклиф намуд, ки зани ӯ шавад.
— Эй хони бузург, сад рӯз ба ман муҳлат бидеҳ. Баъди сад рӯз ман ҷавобашро мегӯям, — гуфт зани мусиқачӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё