Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа
— Дуредгар шудам, падар!
— Ҳунари хуб ёд гирифтӣ, бачам, офарин! Писари дуюмам чӣ ҳунар ёд гирифта бошад?
— Ман оҳангариро пеша кардам, падар.
— Бисёр хуб, касби фоиданок аст, қанд зан, писарам! Писари хурдиам чӣ ҳунар ёд гирифта бошад?
— Падар, ман дуторнавозию сурудхониро ёд гирифтам.
— Оҳ, ту ношуд! — дод зад мӯйсафед, — Ягон ҳунари дигари фоиданок наёфтӣ? Бефаросат ки будӣ, бефаросат мондӣ. Дафъ шав аз ин ҷо, ки дигар ман туро набинам!
Бародари хурдӣ дуторашро бардошта, аз хонаи падар баромада рафт. Баъди сафари дуру дароз ба хонаи яккаву ягонае расид. Вай ба хона даромад. Дар рӯи миз хӯрокҳои гуногун гузошта шуда буд, лекин дар хона касе набуд. Мусиқачӣ то сер шудан хӯрок хӯрд ва ҳамин лаҳза ба хона духтари нозанине даромад.
— Салом, меҳмони азиз! — гуфт вай.
— Салом, эй духтари нозанин, — ҷавоб дод мусиқачӣ.
Ҷавонон ба духтар хеле маъқул шуд ва онҳо якҷоя зиндагӣ карданд.
— Чӣ тавр рӯз мегузаронем? Ягон ҳунар дорӣ? — пурсид рӯзе духтар.
— Бо дутор машқ мекунам, суруд ҳам хонда метавонам.
— Ин кифоя нест, — гуфт духтар, — мо дар як дашти беодам зиндагӣ мекунем. Дар ин ҷо бо суруду мусиқӣ рӯз гузаронда намешавад. Дар ин ҷо ғалла кишт кардан даркор.
Мусиқачӣ замин шудгор мекард. Занаш бошад, дар хона ба корҳои рӯзгор машғул буду мусиқачӣ ҳар рӯз аз сари кишт чанд бор ба хона омада мерафт.
— Чаро ин қадар тез-тез ба хона меоӣ? — пурсид занаш.
— Ман ҳар лаҳза туро дидан мехоҳам. Ту бисёр зебоӣ, мехоҳам доимо дар пеши ту бошам, — гуфт мусиқачӣ.
— Ин хел бошад, ман суратамро ба қоғаз кашида ба ту медиҳам. Ту онро ба сари кишт бурда, аз он чашм наканда замин шудгор мекунӣ.
Соҳибҷамол ба оина нигоҳкунон сураташро кашида, онро ба шавҳараш дод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё