Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа
Фаҳмидам, ки як табиб халтаи ғайриоддие дорад. Касе, ки дар даруни он халта шинад, сиҳат мешавад. Ман халтаро барои ду соат харидаам. Ҳамагӣ як соат гузашта бошад ҳам, ҳис мекунам, ки аллакай сиҳат шудаам. Эй одами нек, лутфан ин бандҳоро кушо, ман мехоҳам, халтаро зудтар ба соҳибаш бурда ними пуламро гардонда гирам...
Савдогар аз бетоқатӣ меларзид: «Наход ҳақиқатан ҳам вай сиҳат шуда бошад? Хубтар кушода дидан даркор!»
Тувзӣ аз халта ҷаҳида баромад. Пушташ рост ва ҳар ду чашмонаш солим буданд.
— Оҳ, ин халтаи сеҳрнокро ҳоло набар, — илтимос кард савдогар, — як соати боқимондаашро ба ман деҳ! Ман барои ду соат ба ту пул медиҳам!
— Ман розӣ, — ҷавоб дод Тувзӣ.
Савдогар ба даруни халта даромад. Тувзӣ ӯро баста ба ҷои аввалааш овехта монд.
Бегоҳӣ Лангуазӣ бо хизматгоронаш ба назди халта омаданд. Бандро бурида, хизматгорон халтаро бардошта ба лаби дарё оварданду ба об партофтанд.
Тувзӣ бошад, ба шаҳр омада молҳои савдогарро фурӯхт ва бо пулаш дурру ҷавоҳир харида ба пеши Лангуазӣ омад.
Бой дар хонааш нишаста буд. Вай хурсанд буд. «Охир қасосамро аз ин Тувзии фиребгар гирифтам» — фикр мекард ӯ.
Ҳамин вақт дар пеши дар Тувзӣ пайдо шуд. Чашмони Лангуазӣ аз косахонааш баромаданд. Тувзии маккор, гӯё ки ҳеҷ воқеа нашуда бошад, мушташро кушода ба бой кафи дасти пур аз дурру ҷавоҳирашро нишон дод. Чашмони Лангуазӣ оташ гирифт.
— Аз куҷо омадӣ? Ин чизҳои қиматбаҳоро аз куҷо ёфтӣ? — дод зад ӯ.
— Аз куҷо омаданамро худатон, ҷаноби Лан, хуб медонед.
Аз қаъри дарё омадам. Дурру ҷавоҳирро ҳам аз ҳамон ҷо овардам. — Тувзӣ ин гапро гуфта хандид.
— Ҳамаашро аз як сар ба ман нақл кун, — хоҳиш кард бой.
— Воқеа ин тавр шуд: вақте ки шумо маро ба об партофтед,
ба назди ман ду моҳии калон шино карда омад. Онҳо халтаро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё