Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа
- Ту ба ман бовар намекунӣ? Ман бо чашмони худам дидам. Ту ба ман бовар намекунӣ, лекин ман исбот мекунам, ки ман ҳақ ҳастам! - ва ӯ кашидаву кушода бо калтак ба сари занаш зад. Вай ба замин афтида дигар начунбид.
«Гуфтам-ку, ман ҳақ, - фикр кард Лангуазӣ, - як нӯги ин калтак одамро мекушад. Акнун нӯги дигарашро санҷида мебинам». Вай нӯги дигари калтакро ба паҳлуи занаш расонид. Вале ӯ мисли зани Тувзӣ аз ҷояш намехест. Лангуазӣ калтакро ба паҳлуи дигари занаш расонид. Боз ҳеҷ воқеа рӯй надод. Бой хеле вақт бо калтак занашро аз ин паҳлу ба он паҳлу такон медод, зорӣ мекард, ки ӯ худашро қасдан ба мурда назанад, вале занак аз ҷояш намеҷунбид. Бой фаҳмид, ки Тувзӣ ин дафъа ҳам ӯро фириб додааст.
«Акнун ман барои ҳамааш қасос мегирам!» - қарор дод Бой. Вай ҳамроҳаш чанд нафар хизматгорашро гирифта ба назди Тувзии фиребгар рафт. Ин дафъа Тувзӣ ягон ҳилаи наве бофта бароварда натавонист. Хизматгорон ӯро баста ба халта андохта бурданд. Лан гуфт:
- Бегоҳӣ ман туро ба дарё мепартоям. Ҳоло бошад, туро бо халта ба дарахт меовезем. Як рӯзакак овезон шуда дар бораи ҳаёту мамот фикр кун. Ман ба хона рафта ноҳори мехӯрам ва дам мегирам.
Хизматгорон халтаро ба дарахт овехта якҷоя бо хӯҷаинашон рафтанд. Тувзӣ дар даруни халта, дар шохи дарахт овезон, дар бораи ҳаёту мамот фикр мекард. Ҳамин вақт ба гӯшаш садое расид. Ин савдогари давлатманде буд, ки бо молҳои қиматбаҳо меомад. Вақте ки вай ба назди халта расид, Тувзӣ гуфт:
- Салом, эй одами нек!
Савдогар ҳайрон шуда, ба халта наздик омада пурсид:
- Ту кистӣ ва чаро дар халта ва дар шохи дарахт овезонӣ?
Тувзӣ соҳиби овозро шинохт. Ӯ ин одамро дар бозори шаҳр бисёр дида буд. Вай кӯзапушт ва якчашма буд. Акнун Тувзӣ чӣ кор карданашро хуб медонист.
- Ман дар ин халта худамро табобат мекунам, - ҷавоб дод Тувзии маккор. - Ман кӯзапушт ва якчашма будам. Рӯзе

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё