Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа
зиндагӣ мекунанд. Ман ба назди онҳо рафта истодаам. Мехоҳам, бо онҳо қувваозмоӣ кунам. Оё намедонӣ, онҳоро дар куҷо ёфтан мумкин?
— Намедонам, — гуфт бародари калонӣ. — Шояд бародари ман донад... Падар, ин шасти маро дошта истед, ман тамокуамро даргиронам.
Мӯйсафед таноби шастро ба даст гирифт, вале он чунон дарозу вазнин буд, ки қувваи мӯйсафед барои бардоштани он нарасид. Қариб буд, ки шаст аз дасташ афтад.
— Зудтар биё, зудтар! — фарёд кард мӯйсафед, — ба фикрам, ба шаст наҳанг дармонд!
Бародари калонӣ тохта шастро аз об кашид. Дар шаст чизе набуд.
— Ҳеҷ чиз нест. Шумо гуфтед, ки наҳанг андармон шудааст, — ба ҳайрат омад бародари калонӣ.
— Ман гумон кардам, ки наҳанг андармон шудааст, — шарм дошта гуфт пирамард.
ПАС, бародари калонӣ гуфт:
— Падар, ба моҳидориам халал нарасонед. Қад-қади соҳил ба тарафи ҷануб равед, он ҷо бародари ман моҳидорӣ мекунад. Бо вай гапзанон кунед.
Мӯйсафед ба тарафи ҷануб рафт. Пас аз хеле роҳ тай кардан ба моҳигири дигаре дучор омад. Ин моҳигир бародари миёна буд.
— Салом, падар, аз куҷо меоеду ба куҷо меравед? — пурсид вай.
Мӯйсафед ҳамаашро нақл кард. Пас паҳлавон гуфт:
— Падар, шасти маро дошта истед, ман тамокуамро даргиронам.
Ҳамон лаҳза қариб буд, ки банди шаст аз дасти мӯйсафед парида равад.
— Зудтар биё, бачам, зудтар. Ба фикрам, ба шаст наҳанге андармон шуд, — фарёд кард мӯйсафед.
Паҳлавон тохта омада шастро аз об кашид. Шаст холӣ буд.
— Чаро ин тавр кардед, падар? Гуфтед, ки наҳанг дармонд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё