Зеҳн
Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Шавҳарашро нафаҳмид. Саҳарӣ шавҳараш боз ба шикор рафт, хонум бошад, хонаро тагурӯ карда, чизе наёфт. Писари Харатинхон ҳамон дам боз пайдо шуд.
– Хайр, шавҳарат чӣ гуфт?
– Гуфт, ки «дар зери ҳафт ва дар болои ҳафт», вале ман ҳеҷ чиз ёфта натавонистам.
– Эй занаки нодон! Кофтан даркор нест. Ана чойхоби шумо. Дар болои он чордаҳ гилем андохта шудааст. – Вай ҳафт гилеми болоиро шумурда онҳоро гирифта партофт ва онҳо шамшери калонеро диданд. – Ана, қувваи сеҳрнок дар куҷост! – фарёд кард писари Харатинхон. – Бо ёрии ин қувва шавҳари ту пиракии саду бистсоларо ба Эрдни-хони Хонигарии Худ ба худ пайдошуда табдил дода, худашро писари ӯ хондааст. Ҳозир ман ин хонигариро ба хокистар табдил медиҳам. Ҳамаш чун асли қадим мешавад. Ману ту бошем, аз ин ҷо меравем! – вай шамшерро гирифта аз қаср баромад ва онро аз ғилоф кашид.

Ҳамон дам паҳлавони азимҷусса пайдо гардид.
– Чӣ мефармоед, ҷаноб? – пурсид ӯ.
– Бигузор, ҳамаш ба асли қадима шавад. Бигузор пирамарду кампир ба сурати аввалаи худ баргарданд. Бигузор қасру чорво ва ҳамаи боигарӣ ба хокистар табдил ёбанд. Бигузор аспи шавҳари вай ба чӯб ва тозиёнааш ба қамиш мубаддал шавад.

Ҳамон дам ҳама чиз ба хокистар табдил ёфт... Пирамарду кампир ба асли қадимаи худ баргаштанд. Писари Харатинхон хонуми ҷавонро гирифта рафт.

Дар ин лаҳзаҳо шавҳараш дар дашт асп медавонд, ногоҳ аспаш ба чӯб ва тозиёнааш ба қамиш табдил ёфтанд, «Ана барои чӣ занам аз қувваи сеҳрноки ман пурсуҷӯ мекардааст. Бахти маро гирифтанд» – аз дил гузаронид ӯ ва девонавор давида рафтан гирифт. Дар роҳ ба як пирамарди сарсафед дучор омад. Пирамард пурсид:
– Ҳа, писарам, чаро ошуфтаҳолӣ, куҷо мешитобӣ?
Писари Эрднихон воқеаро батафсил нақл карда дод. Пирамард гуфт:

пешина
аз 200
навбатӣ