Зеҳн
Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Роҳ ба ӯ Харатинхон бо аҳли риқобаш дучор омад. Хон бо занаш дар аробаи заррини ба нуҳ аспи тиллоранг басташуда мерафт.
— Ҳой, он писарчаро ба назди ман биёред, — фарёд кард хон. Хизматгорҳо писарчаро ба назди хон оварданд.
— Ҳой бача, бигӯ, ба куҷо шитоб дорӣ?
— Ман барои гирифтани бахт шитоб карда истодаам. Ҷои онро ба ман падарам нишон дод.
Хон ба ҳаяҷон омад.
— Чӣ? Бахт? Зудтар бигӯ, ки он куҷост? Онро худи ман мегирам. Ба ивазаш ба ту ин аробаи зарринро бо нуҳ аспи тиллорангаш медиҳам.
«Аробаву аспҳои вай ба ман чӣ даркор? Онро чӣ кор мекунам? Беҳтараш бахтро ба даст меоварам», — фикр кард бародари хурдӣ ва гуфт:
— Эй хони бузург, ман розӣ нестам.
Ӯ боз ба сӯи шарқ шитоб кард. Хон бо аробаи зарринаш ба роҳи худ рафт. Писарак хеле давида, дар охир ба назди дарахти сафедор расид. Ӯ дарахти сафедорро решакан карда, заминро кофтан гирифт. Ба андозаи нуҳ оринҷ кофта, як дарафши куҳнаи нӯгшикастаеро ёфт...
— Ин дарафши зангзада ва нӯгшикаста ба ман чӣ даркор? Хуб мешуд, ки ман ин бахтро ба нуҳ аспи тиллоранги Харатинхон иваз мекардам, — гуфт писарак ва дарафшро дар паҳлуяш гузошта аз хастагӣ хоб рафт. Вай дуру дароз хобида, вақте бедор шуда дид, ки дарафши шикаста ба шамшери калон табдил ёфтааст. «Ана гап дар куҷо будааст!» — аз дил гузаронид бародари хурдӣ ва аз ҷо ҷаста шамшерро аз ғилоф кашид. Ҳамон лаҳза як одами бузургҷуссаи мӯйлабдоре пайдо шуда пурсид:
— Чӣ мефармоед, хӯҷаин?
— Ҳоло ҳеҷ чиз не, — ҷавоб дод бародари хурдӣ ва шамшерро боз ба ғилоф гузошт. Одами бузургҷусса ғоиб шуд.
Бародари хурдӣ шамшерро ба миёнаш баста, ба роҳ

пешина
аз 200
навбатӣ