Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа
— Оҳ, рӯям сиёҳ! — худ ба худ гуфт хон. — Наход ки ӯ шабҳо хунхӯрӣ кунад. Наход ки аспи ба ҷон баробарамро ӯ кушта бошад... Албатта ӯ! Охир ӯро ҳайвони даранда зодааст!
Хон дар рӯи гилем нишаста дуру дароз ба фикру хаёл фурӯ рафт. Хонум аз хоб бедор шуд. Ӯ дасту рӯй шуста, ба хон нигоҳи меҳрубононае намуду барои таомхӯрӣ ба сари дастурхон нишаст.
— Хони ман, шумо чаро ҳамроҳи ман хӯрок намехӯред? — пурсид хонум.
Хон ба худ омада, ба пеши курсича нишаст ва аз чойи талху хушбӯй як пиёла кашида оҳиста-оҳиста нӯшидан гирифт.
Хизматгорҳо арз карданд, ки Шонҳор омадааст. Ҳофиз ба қаср даромада, бо ҳарос ба хонум нигоҳ кард; баъд бо чанг нағмасарой кард. Вале садои мусиқӣ ба гӯши хон намедаромад. Ӯ ҳамоно фикр мекард, ки: «Наход ки ин зани меҳрубони ман, аспи ба ҷон баробарамро кушта бошад? Наход ки ӯ шабҳо хун мехӯрда бошад? Вай чӣ хел маҳлуқ бошад? Оҳ, рӯям сиёҳ, хок бар сарам! Ӯро чӣ кор кунам?»
Аз байн як рӯзи дигар гузашт. Хонум ин рӯзро бо шунидани суруду мусиқӣ бегоҳ намуд, хон бошад, бо дарду ғам.
Бегоҳӣ Шонҳор аз қаср баромада рафт ва баъд оҳиста баргашта фили зарди парронро кушта, хунашро ба дасту рӯйи хонуми хуфта молид.
Саҳари барвақт, пеш аз баромадани офтоб хон аз хоб хеста барои дидани дидори дӯстони ҷонияш рафт. «Имрӯз чӣ воқеа мешуда бошад?» — бо ҳарос аз дил мегузаронид вай. Баъд шитобон ба пеши додари азизаш рафт. Додараш дар хоби роҳат буд. Хон тарафи чапи рӯи додарашро сила карда, мӯйлаби чапи ӯро тоб дод ва баъд ба назди фили зарди наррон рафт. Дилаш пешакӣ аз воқеаи нохуше гувоҳӣ медод. Хон ба пеши фил расида дид, ки вай беҳаракат хобидааст...
Хон ба пеши хонум шитобид. Хонум оромона мехобид. Дасту рӯйи вай хунолуд буданд! «Оҳ, эй ваҳшизода! Дӯсти маро ӯ куштааст! Албатта, худи ӯ!»
Хон шамшери аз пӯлод сохтаашро аз гилоф кашида бо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё