Зеҳн
Афсонаҳои даврони қадим

Китоб маҷмӯаи афсонаҳои қадими халқҳои гуногунро фаро гирифтааст, ки барои хонандагон пешбинӣ шудаанд. Дар он ривоятҳову достонҳои афсонавӣ бо сужаҳои ҷолиб нақл карда мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 200 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Сайдхоро ба ароба бор карда, ба бозор бурда фурӯхтам, Бо фанду фиреб панҷсад сӯм ба даст овардам. Гапам рост, бобо?
— Рост, нури чашмам.
— Ба хона баргашта дидам, ки бобои ман бобои туро ба ароба баста, рӯзи дароз хӯрок надода, порукашонӣ карда истодааст...
— Дурӯғ, аблах! Ин хел нашудааст! — токат накарда гуфт мӯйсафед.
Ба Иван ҳаминаш даркор буд. Бо қамчин адаби мӯйсафеди бадҷаҳро дода, оташро гирифту ба пеши бародаронаш баргашт.

АЛТРАПКА

Буд-набуд Федот ном мӯйсафеде буд. Вай саге дошт, номаш — Алтрапка. Алтрапка ба соҳибаш солҳои бисёре хизмат кард. Саг бо гузашти солҳо пир ва дуздҳо ва гургҳоро пай намебурдагӣ шуд. Овозаш ҳам гирифт. Алтрапка аз пагоҳ то бегоҳ дароз кашида, пинак мерафту хамёза мекашид. Мӯйсафед ба писаронаш гуфт:
— Сагро нобуд кардан даркор!
Яке аз писаронаш гуфт:
— Инсоф кунед, саги бовафо буд, аз сидқи дил хизмат кард.
— Бале, бале, дуруст: «хуб буд, хизмат кард». Акнун пир шуда, дуздҳову гургҳоро намебинад. Кору бораш дароз кашида хоб кардан. Ӯро аз ҳавлӣ пеш кун, нони ба вай медодагӣ надорем.
Писараш чӯберо гирифта, Алтрапкаро аз ҳавлӣ пеш кард. Саги бечора дар беруни ҳавлӣ нишаста, уллос мекашид. Гург рустӣ ба вай наздик омада гуфт:
— Ҳа, пиракӣ, чӣ уллос мекашӣ? На худат мехӯриву на мо, гургҳоро мемонӣ.
Алтрапка дар ҷавоб гуфт:
— Барои он уллос мекашам, ки пир шудаам, шумо гургҳо ва

пешина
аз 200
навбатӣ