Зеҳн
Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Дунёро дигар Ту бевафо намехонӣ. Ва ман аз ин фоли вафои Туро, эй Ёр, мегирам.

Чаро мегӯӣ, ки меҳмони таронаҳои туям? Охир, бояд бигӯӣ, ки соҳиби онам.

Дар ҳоле, ки дунё ба номи Ишқ менозад, Ту бояд чун гули бас зебои баҳор ба рӯям бихандӣ ва хушбахтӣ аз саодати худ ифтихор бинамояд.

Ин ки Туро ман бевафо хондам, ба Худо гуноҳест бузург. Аммо худ лутф накунӣ ва онро набахшӣ, оташи сӯзанда ҳам аз ман ба нафрат рӯй мегардонад. Аммо чаро Туро ман бевафо хондам, намедонам. Агар ишқат ғолиб намеомад, то ба қиёмат ҳамчунон лаб аз сухан гуфтан медӯхтам.

Ба гармиҳои нози Ту дар ин зимистони сард менозам.

Номи ҳама ошиқонатро пеши ман ба забон овардӣ. Оре, маро имтиҳон кардӣ, ки оё аз рашк мемирам. Акнун, ки намурдам, ба сарзаниш маро аз ошиқони худ намехонӣ.

Ман ба Худо савганд намехӯрам, бад-ин баҳона номи он ёри ягонаро ба забон меорам.

Маро бо Ишқ ошно сохтӣ. Агар ба поси он ҳама умр Туро сано бигӯям, ба Худо, медонам, ҳанӯз ҳам кам аст. Аммо коре дигар аз дастам намеояд. Ва Ту худ беҳтар аз ман медонӣ, ки нотавонам.

Як шабе торик буд. Ба танҳоӣ медавидам. Роҳ нишоне аз ҳамворӣ надошт. Ва поям ба сангҳо бармехӯрд. Аз дида хун

пешина
аз 210
навбатӣ