Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа
Дӯстам бидор, ки дунё бевафост,- мегӯяд он Ёри вафодори ман. Магар ҳанӯз ҳам дӯсташ надоштам ва аз дунё дил нашустам? Оҳ, ман ҳазор сол мепиндоштам, ки маро як ёр асту бо дигаре на кор аст.
Қалам бо ман вафодорӣ намуд. Оре, то ҷон дар рамақ дошт. Ва ман фоли вафодории он Ёрро пас аз ин бо таронаҳои пурсӯзам гирифтам.
Шом фаро мерасад ва аз рафтани ин як рӯз хабар медиҳад. Ман аз ин шод мешавам. Охир, рӯзе буд, ки дар он натавонистам Туро бибинам ё овозатро бишунавам.
Медонам, Туро ин саҳар низ намебинам. Аз ин як ғами бузург дилам мегиряд. Аммо намедонам чаро гулҳо, ки Ту онҳоро рӯзе пештар овардӣ, рӯ ба рӯям механданд.
Маро бо ғам Ту ошно сохтӣ. Бечора ба поси хотири Ту бо ман вафо кард, ҳама умр вафо кард. Аммо Ту ӯро чун ман пас аз он ҳеҷ ёд наёвардӣ.
Мегӯӣ, чун офтоб тулӯъ бикунад, дидор мебинем. Оҳ, агар Ту наоӣ, чӣ гуна офтоб тулӯъ мекунад?
Мебинам, ки ҳар рӯз умри зимистон кам мешавад. Ва ҳам ҳис мекунам, ки бо ман Ту чун рӯзҳои дигар дилсард нестӣ.
Беҳтар аз Ту Ёре дар олам наёфтам. Агар маро чун як ошиқи содиқ намепазирӣ, бояд аз ин олам биравам. Аммо дар ҳеҷ олам касеро, ки Ёр нахоста, истиқбол намекунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё