Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа
мегирад, боварам бикун, ки дилам хун мешавад. Ва аҷаб, ки дар ҳама ҳолат ман бояд ранҷ бибарам ва ғам бихӯрам.
Аз он ки ин болобаланд духтари зебову дилрабо маро надида гузашт, ҳеҷ андӯҳгин нестам. Ба бозори гулфурӯшон меравад ва як даста гули садбарги сурхро бароям мехарад. Аммо дар роҳ бо ҷавоне рӯ ба рӯ меояд, ки сад сол беш меҷусташ. Ба Худо, аз шодӣ он гоҳ дастаи гулро ба ӯ тақдим мекунад, аммо маро аз ёд намебарад. Пинҳон аз он ҷавон оҳе сард мекашад ва дилаш ба ман месӯзад.
Бадбахт ошиқи ту бо замона ҳеҷ намесозад ва ҳам намехоҳад замона бо ӯ бисозад. Агар боре бояд бисозад, танҳо бо Ту месозад. Аммо агар натавонад, медонад, ки Ту ҳеҷ бо ӯ намесозӣ ва зуд аз ёдаш мебарӣ.
Дар ин фасли бас сарди зимистон, эй гуландоми ман, як даста гули сурхро овардию тақдимам кардӣ ва гуфтӣ: «Рӯзи тавлидат, эй азизтарин Ёри ман, бар ту муборак бод!». Гуфтӣ ва пас аз он ба ҷавоне, ки ҳақиқати ишқро дарнаёфта буд, саргарми ноз рафтӣ. Ва, ба ростӣ, он дастаи гул ба ман механдид, аммо намегуфт, ки Ту ин як рӯзро барои худ муборак намудӣ.
Дигар маро андак умеде ҳам намонда, ки бигӯям: «Он Ёри ягона як рӯзи офтобӣ, вақте гулҳо мешукуфанду сабзаҳо медаманд ва баҳор бо ҳастии худ менозад, ошиқам мехонад, ошиқи содиқ». Аммо ба ноумедӣ ҳам намегӯям: «Ва ӯ маро ҳеҷ гоҳ ба ёд намеорад».
Замона ошиқона пандам медиҳад, ки дил ба он Ёри ягона бидиҳам, аммо намедонад ӯ онро аз дасти мани бадбахт намегирад ва низ намегӯяд, ки бо замона бояд бисозам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё